Бостоншиносони тоҷику рус дар Ховалинг таҳқиқот мегузаронанд

© Depositphotos.com \ Lufeethebear.gmail.comСкелет и археологические инструменты
Скелет и археологические инструменты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2023
Обуна шудан
Бо дастгирии Бунёди илмии Русия, экспедитсияи бостоншиносон, хокшиносон, иқлимшиносони русу тоҷик донишро дар бораи таърихи минтақа тавсеа медиҳад
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар доманакӯҳҳо дар ҷануби Тоҷикистон як гурӯҳи олимони рус ва тоҷик экспедитсияи геоархеологӣ анҷом медиҳанд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "Россия К".
Маълумоти ба даст овардаи онҳо метавонад тасаввуротро дар бораи таърихи қадимии Осиёи Миёна тағйир диҳад.
Пажӯҳиш дар минтақаи Ховалинги вилояти Хатлонро олимони Донишгоҳи Маскав ва Академияи улуми Русия анҷом медиҳанд.
Дар баробари ин, гуруҳи олимҳои тоҷик низ кор мекунанд. Ин ҳайат таърихи иқлими Тоҷикистонро таҳқиқ мекунад.
Объекти асосии кофтуковҳои археологӣ дар баландии 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Дар ин чо археологҳо аз Новосибирск кор мекунанд.
Студенты на лекции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2023
Оғози озмун барои квотаи президентӣ дар Тоҷикистон
Ба гуфтаи ходими пешбари факултети ҷуғрофиёи Донишгоҳи Маскав, Раҷаб Қурбонов кофтуковҳо дар мавзеъҳои палеолити ҷангалӣ соли шашум аст, ки идома доранд.
"Олотҳои зиёди сангӣ вуҷуд доранд, ки ба ғайр аз одам ҳеҷ як раванди геологӣ ба ин минтақаҳо оварда наметавонист. Вазифа аз он иборат аст, ки маҷмааи нави донишҳо дар бораи саноати санг ва анҷом додани як қатор таҳлилҳои илмии табиатшиносӣ ба даст оянд", - гуфт ӯ.
Муҳаққиқон афзуданд, ки пеш аз гирифтани бозёфтҳо аз замин, мавқеаи ҷойгиршавии онҳо сабт мешавад.
Ходими хурди илмии Пажӯҳишгоҳи бостоншиносӣ ва этнографияи бахши Сибири Академияи илмҳои Русия, Павел Чистяков, гуфт, ҳамаи ашёҳои ёфтшуда аз ташхиси сеченака мегузаранд.
"Тибқи қонун мо наметавонем миқдори зиёди бозёфтҳоро содир кунем, онҳо дар ин ҷо нигоҳ дошта мешаванд. Аммо барои коркард боз ҳам дар хона бо имконоти худ кор кардан қулайтар аст", - афзуд ӯ.
Ва хокшинос Петр Сосин сохти ҷангалҳоро, ки аз сӯи боду чанг ё худ "афғонбод" зер шудаанд, меомӯзад. Ин хоки қадимаи ибтидоӣ, ки ҳоло дар кураи замин ҳамто надорад, гуфт коршинос.
Бояд гуфт, ки бори аввал ин мавзеъро геологҳои шӯравӣ дар охири солҳои 60-уми асри гузашта омӯхтанд ва ҳоло корҳои тадқиқотӣ бо назардошти технологияҳои нав идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0