https://sputnik.tj/20230529/oghozi-ozmun-kvota-prezidenti-tojikiston-1057418855.html
Оғози озмун барои квотаи президентӣ дар Тоҷикистон
Оғози озмун барои квотаи президентӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон квотаҳои президентӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии олӣ миёни довталабон тариқи озмун тақсим мешавад
2023-05-29T16:30+0500
2023-05-29T16:30+0500
2023-05-29T16:52+0500
дар тоҷикистон
маориф
озмун
квота
президентӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1a/1054504073_518:0:2680:1216_1920x0_80_0_0_fc2fc587e443dae6e2474162b377417c.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Даври сеюми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон тибқи квотаи раисҷумҳур оғоз гардид. Ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, озмун то 11 июн идома хоҳад ёфт. Илова шуд, ки вобаста ба баргузории даври сеюми озмун дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илм бо иштироки мақомдорони соҳа, дастгоҳи иҷроияи президент, аъзои комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷаласа баргузор шуд. Дар ҷаласа ба таъмини шаффофияти раванди баргузории озмуни квотаи президентӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дода шудааст.Зикр гардид, ки озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи президентӣ аз соли 1997 бо ҳадафи дастгирии духтарону писарони деҳот амалӣ мешавад. Бар асоси омори расмӣ, 11,5 ҳазор духтар аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Дар маҷмуъ зикр гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 222 ҳазор духтар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор духтар дар ин муассисаҳо таҳсил доранд.
https://sputnik.tj/20230529/rusiya-maktab-isfara-sadho-kitob-1057417269.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1a/1054504073_788:0:2409:1216_1920x0_80_0_0_3d94b058ababd1d60e72fd088e494e44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур, озмун, шафоф, квота, тоҷикистон, маориф
дастур, озмун, шафоф, квота, тоҷикистон, маориф
Оғози озмун барои квотаи президентӣ дар Тоҷикистон
16:30 29.05.2023 (Навсозишуда: 16:52 29.05.2023) Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон квотаҳои президентӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии олӣ миёни довталабон тариқи озмун тақсим мешавад
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Даври сеюми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон тибқи квотаи раисҷумҳур оғоз гардид.
Ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, озмун то 11 июн идома хоҳад ёфт.
Илова шуд, ки вобаста ба баргузории даври сеюми озмун дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва илм бо иштироки мақомдорони соҳа, дастгоҳи иҷроияи президент, аъзои комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷаласа баргузор шуд.
Дар ҷаласа ба таъмини шаффофияти раванди баргузории озмуни квотаи президентӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дода шудааст.
Зикр гардид, ки озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи президентӣ аз соли 1997 бо ҳадафи дастгирии духтарону писарони деҳот амалӣ мешавад.
Бар асоси омори расмӣ, 11,5 ҳазор духтар аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
Дар маҷмуъ зикр гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 222 ҳазор духтар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор духтар дар ин муассисаҳо таҳсил доранд.