Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи CAFA медали биринҷӣ гирифт

© Фото : Федерация футбола ТаджикистанаНаграждение игроков юношеской сборной Таджикистана
Награждение игроков юношеской сборной Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2023
Обуна шудан
Аз дастовардҳои дастаи Тоҷикистон пирӯзӣ бар тими Туркманистон, мусовӣ дар бозиҳо бо Узбакистон ва Афғонистон ва муборизаи шоиста дар бозӣ бо Эрон аст
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (U-20) мақоми севумро касб кард.
Аз рӯи натоиҷи мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон 1 пирӯзӣ, 2 мусовӣ ва 1 бохт дошт.
Ба ин тартиб, даста дар ҳамаи бозиҳо 5-имтиёзӣ ба даст оварда, аз дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон, ки 10 ва 9 имтиёзӣ доранд, қафо монд.
Пас аз Тоҷикистон дар ҷадвали мусобиқот Афғонистон бо 4 имтиёз ва Туркманистон, ки чаҳор бор мағлуб шуда, як хол ҳам ба даст наоварданд, қарор доштанд.
Беҳтарин лаҳзаҳои бозии мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон ва Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2023
Тими Ӯзбекистон дастаи Афғонистонро голборон кард - видео
Аз дастовардҳои мунтахаби Тоҷикистон пирӯзӣ бар тими Туркманистон, мусовии боэътимод дар бозиҳо бо Ӯзбекистон ва Афғонистон ва муборизаи шоиста дар бозӣ бо Эрон, ки бо ҳисоби 1:2 анҷом ёфт, ном бурда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа аз 21 то 28 май дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Панҷ бозӣ дар варзишгоҳи ССКА-и пойтахти кишвар ва 5 бозии дигарро варзишгоҳи "ТАЛКО-Арена"-и шаҳри Турсунзода мизбонӣ карданд.
Тибқи низомномаи мусобиқа ҳар як даста дар як давр бозӣ мекард. Дастаи ғолиб аз рӯи миқдори бештари хол муайян карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0