https://sputnik.tj/20230529/shsh-chin-kohish-kambizoat-rushd-ustuvor-1057411185.html
Кишварҳои СҲШ дар Чин коҳиши камбизоатӣ ва рушди устуворро баррасӣ мекунанд
Кишварҳои СҲШ дар Чин коҳиши камбизоатӣ ва рушди устуворро баррасӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо метавонанд таҷрибаи муваффақонаи худро дар самти идоракунии камбизоатӣ ва таҷрибаҳои рушди деҳот мубодилаву табодули афкор кунанд
2023-05-29T11:25+0500
2023-05-29T11:25+0500
2023-05-29T11:25+0500
сҳш
дар ҷаҳон
сатҳи камбизоатӣ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0c/1050664799_0:312:3087:2048_1920x0_80_0_0_a9c8ff91e9f0d97cdd2aefa192c27f00.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дар шаҳри Янлинги музофоти Шэнсии Чин Форуми Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) оид ба коҳиши камбизоатӣ ва рушди устувор ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад хабарнигори РИА "Новости". Яке аз мавзӯъҳои аслии ҳамоиш табодули афкор ба манзури ғанисозӣ, ҳамкорӣ ба манзури пирӯзии муштарак - мусоидат ба коҳиши фақр ва рушди устувори минтақаҳои рустоӣ дар кишварҳои СҲШ мебошад.Зимнан зикр мегардад, ки дар ин ҳамоиш раҳбарони Чин ва дигар кишварҳои узви СҲШ, намояндагони идороти дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ, корхонаҳо ва коршиносону олимон ширкат доранд. Аз ҷумла, дар маросими ифтитоҳи форум Дабири кулли созмон Чжан Мин суханронӣ кард. Дар назар аст, ки дар ин маросим мудири департаменти сиёсати демографӣ ва оилавии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Русия Андрей Галкин ва кормандони сафорати Русия ширкат кунанд.Илова бар ин, пеш аз оғози форум намоишгоҳ бахшида ба талошҳо барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишварҳои гуногун баргузор гардид. Моҳи сентябри соли 2022 раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин зимни ширкат дар ҷаласаи 22-юми Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ пешниҳод кард, ки дар Чин соли 2023 форуми коҳиши фақр ва рушди устувор баргузор шавад.
https://sputnik.tj/20230505/chin-shsh-davat-muboriza-inqilobhoi-ranga-muttahid-1056932017.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0c/1050664799_52:0:2783:2048_1920x0_80_0_0_dda64e54be04f0382a0ed3c40fd2d137.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сҳш чин коҳиш камбизоатӣ рушд устувор баррасӣ
сҳш чин коҳиш камбизоатӣ рушд устувор баррасӣ
Кишварҳои СҲШ дар Чин коҳиши камбизоатӣ ва рушди устуворро баррасӣ мекунанд
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо метавонанд таҷрибаи муваффақонаи худро дар самти идоракунии камбизоатӣ ва таҷрибаҳои рушди деҳот мубодилаву табодули афкор кунанд
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дар шаҳри Янлинги музофоти Шэнсии Чин Форуми Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) оид ба коҳиши камбизоатӣ ва рушди устувор ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад хабарнигори РИА "Новости".
Яке аз мавзӯъҳои аслии ҳамоиш табодули афкор ба манзури ғанисозӣ, ҳамкорӣ ба манзури пирӯзии муштарак - мусоидат ба коҳиши фақр ва рушди устувори минтақаҳои рустоӣ дар кишварҳои СҲШ мебошад.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ин ҳамоиш раҳбарони Чин ва дигар кишварҳои узви СҲШ, намояндагони идороти дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ, корхонаҳо ва коршиносону олимон ширкат доранд. Аз ҷумла, дар маросими ифтитоҳи форум Дабири кулли созмон Чжан Мин суханронӣ кард.
Дар назар аст, ки дар ин маросим мудири департаменти сиёсати демографӣ ва оилавии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Русия Андрей Галкин ва кормандони сафорати Русия ширкат кунанд.
Илова бар ин, пеш аз оғози форум намоишгоҳ бахшида ба талошҳо барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишварҳои гуногун баргузор гардид.
Моҳи сентябри соли 2022 раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин зимни ширкат дар ҷаласаи 22-юми Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ пешниҳод кард, ки дар Чин соли 2023 форуми коҳиши фақр ва рушди устувор баргузор шавад.