https://sputnik.tj/20230505/chin-shsh-davat-muboriza-inqilobhoi-ranga-muttahid-1056932017.html
Чин аз кишварҳои узви СҲШ даъват кард, барои мубориза бо инқилобҳои ранга муттаҳид шаванд
Чин аз кишварҳои узви СҲШ даъват кард, барои мубориза бо инқилобҳои ранга муттаҳид шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Чин дар ҷаласаи ахири СҲШ дар Ҳиндустон бар зарурати амиқтар шудани ҳамкориҳо дар заминаи амният ва сулҳ дар минтақа ёдовар шуд
2023-05-05T22:00+0500
2023-05-05T22:00+0500
2023-05-05T22:00+0500
сҳш
дар ҷаҳон
сиёсат
чин
инқилобҳои ранга
мубориза
ҳиндустон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/05/1056916836_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_cd676ad7c5ef90a8ba798950f7330c0c.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай бояд ба ташкили инқилобҳои ранга аз ҷониби нерӯҳои беруна муқовимат кунанд.Дар ин бора вазири хориҷаи Чин Тсин Ган изҳори назар кард.Ба гуфтаи ӯ, Осиёи Марказӣ зери таъсири хатарноки Ғарб қарор дорад."Бояд ба мудохилаи нерӯҳои хориҷӣ ба умури минтақа, барангехтани инқилобҳои ранга муқовимат кард", - даъват кард Тсин Ган.Вазири хориҷаи Чин ҳамчунин бар зарурати амиқтар шудани ҳамкориҳо дар заминаи амният ва сулҳ дар минтақа ёдовар шуд.Илова бар ин, Тсин Ган даъват кард, ки мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро идома дода шавад."Афғонистонро барои бунёди як сохтори густурдаи сиёсӣ ва муборизаи қотеъона алайҳи ҳама гуна шаклҳои терроризм бояд пуштибонӣ кард”, - афзуд Вазири хориҷаи Чин.Ёдовар мешавем, ки ахиран дар Гоаи Ҳинд нишасти дурӯзаи вазирони умури хориҷаи СҲШ ифтитоҳ ёфт.Ҷаласаи вазирон марҳилаи ниҳоии омодагиҳоро ба нишасти сарони СҲШ таҳти раёсати Ҳиндустон, ки қарор аст рӯзҳои 3-4 июл дар Деҳлии Нав баргузор шавад, боз мекунад.Ҳинд моҳи сентябри соли гузашта раёсати гурӯҳи СҲШ-ро бар ӯҳда гирифт ва имсол мизбони он аст.Дар чаҳорчӯби раёсати худ дар ин созмон, Ҳиндустон тақрибан 100 чорабинӣ баргузор кардааст: вохӯриҳои вазирон ва мулоқотҳои коршиносон, форумҳо, семинарҳо ва фестивалҳо, ки ба пешбурди ҳамкориҳои гуногун дар доираи СҲШ нигаронида шудаанд.
https://sputnik.tj/20230505/siposi-dabiri-kullii-shsh-tojikiston-1056924257.html
чин
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/05/1056916836_150:0:1050:675_1920x0_80_0_0_244aa97763e6f55e306c287f1b953179.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, сҳш, даъват, мубориза, инқилоби ранга, муттаҳид, ҳиндустон, амният, сулҳ
чин, сҳш, даъват, мубориза, инқилоби ранга, муттаҳид, ҳиндустон, амният, сулҳ
Чин аз кишварҳои узви СҲШ даъват кард, барои мубориза бо инқилобҳои ранга муттаҳид шаванд
Вазири хориҷаи Чин дар ҷаласаи ахири СҲШ дар Ҳиндустон бар зарурати амиқтар шудани ҳамкориҳо дар заминаи амният ва сулҳ дар минтақа ёдовар шуд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай бояд ба ташкили инқилобҳои ранга аз ҷониби нерӯҳои беруна муқовимат кунанд.
Дар ин бора вазири хориҷаи Чин Тсин Ган изҳори назар кард.
"Худмухтории стратегӣ дастгирӣ шавад ва эътимоди мутақобилро бояд таҳким дод", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, Осиёи Марказӣ зери таъсири хатарноки Ғарб қарор дорад.
"Бояд ба мудохилаи нерӯҳои хориҷӣ ба умури минтақа, барангехтани инқилобҳои ранга муқовимат кард", - даъват кард Тсин Ган.
Вазири хориҷаи Чин ҳамчунин бар зарурати амиқтар шудани ҳамкориҳо дар заминаи амният ва сулҳ дар минтақа ёдовар шуд.
Илова бар ин, Тсин Ган даъват кард, ки мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро идома дода шавад.
"Афғонистонро барои бунёди як сохтори густурдаи сиёсӣ ва муборизаи қотеъона алайҳи ҳама гуна шаклҳои терроризм бояд пуштибонӣ кард”, - афзуд Вазири хориҷаи Чин.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар Гоаи Ҳинд нишасти дурӯзаи вазирони умури хориҷаи СҲШ ифтитоҳ ёфт.
Ҷаласаи вазирон марҳилаи ниҳоии омодагиҳоро ба нишасти сарони СҲШ таҳти раёсати Ҳиндустон, ки қарор аст рӯзҳои 3-4 июл дар Деҳлии Нав баргузор шавад, боз мекунад.
Ҳинд моҳи сентябри соли гузашта раёсати гурӯҳи СҲШ-ро бар ӯҳда гирифт ва имсол мизбони он аст.
Дар чаҳорчӯби раёсати худ дар ин созмон, Ҳиндустон тақрибан 100 чорабинӣ баргузор кардааст: вохӯриҳои вазирон ва мулоқотҳои коршиносон, форумҳо, семинарҳо ва фестивалҳо, ки ба пешбурди ҳамкориҳои гуногун дар доираи СҲШ нигаронида шудаанд.