Тими Ӯзбекистон дастаи Афғонистонро голборон кард - видео

Обуна шудан
Дар даври ниҳоии чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, CAFA-2023 миёни футболбозони то 20-сола тими Ӯзбекистон пешсафияшро ҳифз кард
Дар варзишгоҳи Клуби марказии варзишии артиши Душанбе сабқати дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Ӯзбекистон анҷом ёфт.
Ба гузориши Федератсияи футболи Тоҷикистон, сабқат бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи Ӯзбекистон ба поин расид.
Маврид ба зикр аст, ки тими Ӯзбекистон пешсафи мусобиқа буда, дар давраҳои гузашта низ рақибонашро шикаст дод.
Аз ҷумла дар даври пешӣ дар варзишгоҳи КМВА-и Душанбе дастаҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон нерӯ санҷиданд. Дар ин сабқат ҷавонони ӯзбекистонӣ ҳамтоёнашон аз Туркманистонро голборон карда, бо ҳисоби 9:2 пирӯз гардиданд.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар "CAFA nations Сup 2023" муайян шуд
Бозиҳои чаҳорумин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - CAFA-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ҷараён доранд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 тими Эронро шикаст дода буд.
CAFA созмони минтақавии футбол мебошад, ки тайи солҳои охир мусобиқаҳои мухталиф миёни футболбозони ҳам мард ва ҳам занро дар Осиёи Марказӣ ташкил мекунад.
Лентаи хабарҳо
0