Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар "CAFA nations Сup 2023" муайян шуд

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонСборная Таджикистана
Сборная Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2023
Обуна шудан
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои омодагӣ ва ширкат дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ 26 бозигар шомил гардид
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон ҳайати тими миллиро барои мусобиқаи "CAFA Nations Cup 2023" эълон кард.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои омодагӣ ва ширкат дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ 26 бозигар – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил шуданд.
Зикр гардид, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 29 май дар Душанбе омодагиро ба мусобиқаи "CAFA Nations Cup 2023" оғоз мекунад.
Зимнан, 31 май тими миллӣ ба шаҳри Тошканд сафар карда, онҷо ҷамъомади тамринӣ мегузаронад. Бозиҳо аз 10 то 20 июн таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мегарданд.
Сборная Таджикистана по мини-футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2023
Футзалбозони тоҷик ба Ҷоми миллатҳои Араб-2023 роҳ ёфтанд
Ёдовар мешавем, ки бар асоси қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "А" бо дастаҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Уммон ҷой гирифт. Бозиҳо дар ин чаҳоргона дар Тошканд баргузор мешаванд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозии худро рӯзи 11-уми июн бо тими миллии Туркманистон анҷом медиҳад. Дар даври дуюм 14-уми июн дастаи Тоҷикистон бо мунтахаби Уммон вориди қувваозмоӣ мешавад.
Даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ 17-уми июн дар назар мебошад. Дар ин давр тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Ӯзбекистон вомехӯрад.
Рақибони Тоҷикистон дар "CAFA nations Сup 2023" муайян шуданд
Бар асоси низомномаи Ҷоми миллатҳои CAFA, дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешаванд.
ФФТ тавзеҳ дод, ки сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои зинаи сеюм мубориза мебаранд, афзуд манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0