https://sputnik.tj/20230527/tayinoti-kadri-shahr-khorugh-1057384257.html
Таъйиноти кадрӣ дар шаҳри Хоруғ
Таъйиноти кадрӣ дар шаҳри Хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии Хоруғ дар бахши маорифи шаҳр тағйироти кадрӣ анҷом додааст 27.05.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-05-27T09:30+0500
2023-05-27T09:30+0500
2023-05-27T13:39+0500
дар тоҷикистон
маориф
хоруғ
вмкб
таъйинот
кадрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102257/59/1022575953_0:209:2497:1614_1920x0_80_0_0_abd7109b6a46bfee9b6097e9f0e4647c.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Қонузода Шодигул, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ - маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъйин шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Хоруғ иттилоъ дода, афзуд, ки дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, фармоиши таъйиноти Қонунзода Шодигул Худобахшро имзо кардааст. Қонунзода дар мақоми мудири шӯъбаи маорифи шаҳр Юсуфбек Ганҷинаро иваз кард, ки ба далели гузаштан ба кори дигар аз мақомаш барканор гардид. Раиси шаҳр Ризо Назарзода дар бинои шӯъбаи маорифи вилояту шаҳр дар ҳайати аҳли маорифи Қонунзода Шодигулро муаррифӣ намуда, барои таҳкими фаъолияти минбаъдаи соҳаи маориф ба ӯ барору комёбӣ таманно намудаст. Дар баробари Дилбар Алиназарова ба вазифаи директори муассисаи таълимии рақами 9-и шаҳри Хоруғ таъин карда шуд.Зимни суҳбат бо масъулини соҳаи маорифи шаҳр даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри таълиму тарбияи дурусти насли наврас бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд. Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар низ тағйироти кадрӣ амалӣ гардида, вазири маориф, Раҳим Саидзода бо масъулини бахши маориф масоили мубрами соҳаро баррасӣ намуд.Вазир аз ҷумла, дар хусуси таъмири муассисаҳои таълимӣ, пешгирии азхудкунии заминҳои муассисаҳои таълимӣ, роҳ надодан ба ҷамъоварии маблағҳо ва чандеи дигар таъкид намудаст.
https://sputnik.tj/20230522/sanjish-barkanor-mudironi-maktab-tayin-mudir-bokhtar-1057282271.html
хоруғ
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102257/59/1022575953_0:0:2441:1831_1920x0_80_0_0_e80b249fde89e7506f5944a4718ea65c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маориф, хоруғ, вмкб, таъйинот, кадрӣ
дар тоҷикистон, маориф, хоруғ, вмкб, таъйинот, кадрӣ
Таъйиноти кадрӣ дар шаҳри Хоруғ
09:30 27.05.2023 (Навсозишуда: 13:39 27.05.2023) Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии Хоруғ дар бахши маорифи шаҳр тағйироти кадрӣ анҷом додааст
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Қонузода Шодигул, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ - маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъйин шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Хоруғ иттилоъ дода, афзуд, ки дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, фармоиши таъйиноти Қонунзода Шодигул Худобахшро имзо кардааст.
Қонунзода дар мақоми мудири шӯъбаи маорифи шаҳр Юсуфбек Ганҷинаро иваз кард, ки ба далели гузаштан ба кори дигар аз мақомаш барканор гардид.
Раиси шаҳр Ризо Назарзода дар бинои шӯъбаи маорифи вилояту шаҳр дар ҳайати аҳли маорифи Қонунзода Шодигулро муаррифӣ намуда, барои таҳкими фаъолияти минбаъдаи соҳаи маориф ба ӯ барору комёбӣ таманно намудаст.
Дар баробари Дилбар Алиназарова ба вазифаи директори муассисаи таълимии рақами 9-и шаҳри Хоруғ таъин карда шуд.
Зимни суҳбат бо масъулини соҳаи маорифи шаҳр даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри таълиму тарбияи дурусти насли наврас бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар низ тағйироти кадрӣ амалӣ гардида, вазири маориф, Раҳим Саидзода бо масъулини бахши маориф масоили мубрами соҳаро баррасӣ намуд.
Вазир аз ҷумла, дар хусуси таъмири муассисаҳои таълимӣ, пешгирии азхудкунии заминҳои муассисаҳои таълимӣ, роҳ надодан ба ҷамъоварии маблағҳо ва чандеи дигар таъкид намудаст.