https://sputnik.tj/20230527/irs-se-moh-roh-dushanbe-chanoq-mahdudiyat-jori-mekunad-1057389650.html
IRS барои се моҳ дар роҳи Душанбе-Чаноқ маҳдудият ҷорӣ мекунад
IRS барои се моҳ дар роҳи Душанбе-Чаноқ маҳдудият ҷорӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
IRS, ки масъулияти нигаҳдории ин масирро ба зимма дорад, тасмимашро ба таъмири куллии аксар минтақаҳои роҳи Душанбе - Чаноқ рабт дод
2023-05-27T11:31+0500
2023-05-27T11:31+0500
2023-05-27T11:31+0500
дар тоҷикистон
роҳ
"инновейтив роуд солюшнз лтд" (irs)
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/17/1057316608_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_a7bc260120abb3dbe7bb270b4d431200.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Аз 1 июн то 31 август дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳдуд ҷорӣ мегардад.Дар ин бора ширкати IRS хабар дода, афзудааст, ки аз соати 10:00 то 19:00 ҳаракати нақлиёт бо маҳдудият сурат хоҳад гирифт. Ин ширкат ҷорӣ гардидани маҳдудият дар роҳи мазкурро ба таъмири куллии аксар минтақаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ рабт дод.Манбаъ меафзояд, иқдоми мазкур дар асоси талаботи қарори Ҳукумат "Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум" амалӣ мегардад.Ҳадафи асосӣ ин эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон мебошад, хулоса намуд IRS.
https://sputnik.tj/20230329/rohu-pulho-kharobshuda-dushanbe-chanoq-bozsozi-1055830863.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/17/1057316608_327:0:3058:2048_1920x0_80_0_0_d2d9172bf015220960d2a6b6e38fdb5f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе-чаноқ роҳ маҳдудият irs
душанбе-чаноқ роҳ маҳдудият irs
IRS барои се моҳ дар роҳи Душанбе-Чаноқ маҳдудият ҷорӣ мекунад
IRS, ки масъулияти нигаҳдории ин масирро ба зимма дорад, тасмимашро ба таъмири куллии аксар минтақаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ рабт дод
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Аз 1 июн то 31 август дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳдуд ҷорӣ мегардад.
Дар ин бора ширкати IRS хабар дода, афзудааст, ки аз соати 10:00 то 19:00 ҳаракати нақлиёт бо маҳдудият сурат хоҳад гирифт.
Ин ширкат ҷорӣ гардидани маҳдудият дар роҳи мазкурро ба таъмири куллии аксар минтақаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ рабт дод.
"Маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ меафзояд, иқдоми мазкур дар асоси талаботи қарори Ҳукумат "Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум" амалӣ мегардад.
Ҳадафи асосӣ ин эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон мебошад, хулоса намуд IRS.