https://sputnik.tj/20230329/rohu-pulho-kharobshuda-dushanbe-chanoq-bozsozi-1055830863.html
Роҳу пулҳои харобшуда дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бозсозӣ мешаванд
Роҳу пулҳои харобшуда дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бозсозӣ мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи иттилои IRS, пас аз сипарӣ гардидани мавсими сармо кормандони ин ширкат ба таъмиру таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ оғоз карданд
2023-03-29T15:33+0500
2023-03-29T15:33+0500
2023-03-29T15:33+0500
дар тоҷикистон
роҳ
шоҳроҳ
душанбе
таъмир
"инновейтив роуд солюшнз лтд" (irs)
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1d/1055830677_0:187:961:727_1920x0_80_0_0_31bccb9930a4be7b4a13ac783c6d0c5c.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Бо сипарӣ гардидани мавсими сармо ва пурра бартараф шудани пайомади офатҳои ин айём барои кормандони Innovative Road Solutions марҳилаи сифатан нави фаъолият шурӯъ гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти ин ширкат хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ ширкати мазкур ният дорад, ки харобиҳое, ки дар фасли сармо дар роҳҳо ба вуҷуд омада буд, тадриҷан таъмир намоянд.“Бо сипарӣ гардидани мавсими сармо ва пурра бартараф шудани пайомади офатҳои ин айём барои кормандони мо марҳилаи сифатан нави фаъолият шурӯъ гардид. Минбаъд онҳо ба таъмиру таҷдиди роҳ, тоза намудани ҷӯйборҳои канори он, гузоштани аломатҳои роҳ, таъмири пулҳо, кашидани хатҳои уфуқӣ ва ғайра машғул мешаванд”, - қайд кардааст масъулини ширкат.Масъулини ширкат таъкид карданд, ки рӯзҳои охир дар ин самт корҳои зиёд анҷом дода шудааст.“Азми роҳбарият ва кормандон барои тавсеа бахшидани ин раванд қатъӣ аст”, - зикр кардаанд масъулини ширкати IRS.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 март ин ширкат шаҳрвандонро дар бораи резиши доимии тарма огоҳ карда ва ҳушдор дода буд, ки аз сафар ба манотиқи кӯҳӣ худдорӣ намоянд.Ҳамин тариқ, ширкати масъули нигоҳдории роҳ аз фаромадани 30 тарма дар қитъаи роҳи Душанбе-Чаноқ дар давоми як соат хабар дода буд.
https://sputnik.tj/20230316/hushdor-shahrdori-rohbandi-kuchai-dushanbe-1055570904.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1d/1055830677_0:97:961:817_1920x0_80_0_0_ff11140511ce5297faab10656b41bc2b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе-чаноқ, шоҳроҳ, бозсозӣ, ширкат irs, таъмир роҳ
тоҷикистон, душанбе-чаноқ, шоҳроҳ, бозсозӣ, ширкат irs, таъмир роҳ
Роҳу пулҳои харобшуда дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бозсозӣ мешаванд
Тибқи иттилои IRS, пас аз сипарӣ гардидани мавсими сармо кормандони ин ширкат ба таъмиру таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ оғоз карданд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Бо сипарӣ гардидани мавсими сармо ва пурра бартараф шудани пайомади офатҳои ин айём барои кормандони Innovative Road Solutions марҳилаи сифатан нави фаъолият шурӯъ гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти ин ширкат хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ ширкати мазкур ният дорад, ки харобиҳое, ки дар фасли сармо дар роҳҳо ба вуҷуд омада буд, тадриҷан таъмир намоянд.
“Бо сипарӣ гардидани мавсими сармо ва пурра бартараф шудани пайомади офатҳои ин айём барои кормандони мо марҳилаи сифатан нави фаъолият шурӯъ гардид. Минбаъд онҳо ба таъмиру таҷдиди роҳ, тоза намудани ҷӯйборҳои канори он, гузоштани аломатҳои роҳ, таъмири пулҳо, кашидани хатҳои уфуқӣ ва ғайра машғул мешаванд”, - қайд кардааст масъулини ширкат.
Масъулини ширкат таъкид карданд, ки рӯзҳои охир дар ин самт корҳои зиёд анҷом дода шудааст.
“Азми роҳбарият ва кормандон барои тавсеа бахшидани ин раванд қатъӣ аст”, - зикр кардаанд масъулини ширкати IRS.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 март ин ширкат шаҳрвандонро дар бораи резиши доимии тарма огоҳ карда ва ҳушдор дода буд, ки аз сафар ба манотиқи кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Ҳамин тариқ, ширкати масъули нигоҳдории роҳ аз фаромадани 30 тарма дар қитъаи роҳи Душанбе-Чаноқ дар давоми як соат хабар дода буд.