Кӯмаки низомии НАТО ба Киев: урани бритониёӣ дар самои Варшава

© AP / Staff Sgt. Nicholas PerezБоеприпасы, содержащие обедненный уран
Боеприпасы, содержащие обедненный уран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2023
Обуна шудан
Агар огоҳсозиҳо кор надиҳанд, ба Русия лозим меояд кишварҳои НАТО-ро ба воқеияти ҷиддии ҷаҳони бисёрқутба бо дигар воситаҳо баргардонад
Лаҳистон ва Руминия оғози қиёмати ядроиро дар Аврупо пай бурданд.
Пас аз зарбаи мушакии Русия ба аслиҳахонаи қувваҳои мусаллаҳи Украина дар вилояти Хмелнитскии Украина, ки он ҷо аслиҳаи урандори британиявӣ нигоҳ дошта мешуд, абри радиоактивӣ давоми ду рӯз ба 400 километр ғарбтар ҷой дигар намуд.Иродаи бодҳост, ки ҳамчунин Венгрия ва Словакия низ барои хавотирӣ асос доранд.
Ба ҳамсоягони таҷовузкор дар сайёра вақти он расидааст, ки огоҳии таърихии княз ва лашкаркаши русиягӣ Александр Невскийро ба хотир биёранд:”Ҳар касе ба мо бо шамшер ояд, аз шамшер хоҳад мурд”.
Визит зампреда Совбеза РФ, главы Единой России Д. Медведева в Лаос - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2023
Медведев дар бораи паёмадҳои интиқоли силоҳи ҳастаӣ ба Украина гуфт
Сенатори руминиягӣ Диана Шошоакэ дар мусоҳиба ба нашрияи “BZI” изҳор дошт, ки баъд аз зарба задани Русия бо “Кинжал” ва пас аз таркишҳо дар аслиҳахонаи қувваҳои мусаллаҳи Украина дар наздикии Хмелнитский (14 май) абри радиоктивии гулӯлаҳои британии дорои урани тиҳишуда пас аз 48 соат Лаҳистонро пӯшонид.
Ва ба Лаҳистон мувофиқи мақсад мебуд, дар суди байналхалқӣ аз Лондон ҷубронро талаб кунад, на товони ҷангиро аз Берлин.
“Дар ин аслиҳахона гулӯлаҳои танкии дорои урани тиҳишуда, ки онҳоро ба украина Британия додааст, мавҷуд буданд. Аслиҳаи дорои арзиши 500 млн доллар,”-шарҳ дод сенатор Шошоакэ.
Бо нархҳои миёна, аён мегардад, ки қариб 100 ҳаз. гулӯла. Пештар дар бораи наздикшавии абри радиоктивӣ аз урани тиҳишуда ба аврупоиён Котиби Шӯрои Амнияти ФР Николай Патрушев хабар дода буд.
Маскав на як бору ду бор аз хатари бузурги истифодабарии аслиҳаи натогӣ бо дилаки зиреҳзан аз урани тиҳишударо аз ҷониби артиши Украина огоҳ намуда буд.
Лондон ва Вашингтон ҷавоб доданд, ки истифодаи чунин гулӯлаҳо ва бомбаҳои авиатсионӣ – “кори муқаррарист”, ва пешниҳод доштанд, ки масъулият ба истифодабари охирин, яъне ба Киев вогузошта шавад.
Таркиши даҳҳо ҳазор аслиҳа бо урани тиҳишуда дар наздикии Хмелнитский баробарвазни таркиши ядроӣ нест.
Учения по борьбе с воздушными целями, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Падофанди ҳавоии Русия дар як шабонарӯз 28 паҳподи артиши Украинаро нобуд карданд
Ба ҳар ҳол, дар натиҷа ба атмосфера тоннаҳои зиёди чанги металлдори заррачаҳои хурдтарин ва заҳрноки радиоактивӣ партоб шуданд.
Дар ин намуд изтопҳои урани “U-235” ва “U-234” бо ҳаҷми зиёди ҳаво ба садҳо километр паҳн шуда, ба об, хок ва шуши одамон мефароянд. Ва ин хатар, амалан, абадист (мӯҳлати давраи нимаи мавҷудияти онҳо -- 4,5 млрд сол).
Безараргардонии чанги урандори заҳри урандор ва радиоктивӣ мураккаб аст, аз ҳаво, об, хок ва аз организми инсон берун овардани он номукин аст.
Дар минтақаҳои истифодаи фаъоли аслиҳа бо урани тиҳишуда таҷрибан пас аз панҷ сол афзоиш ёфтани бемориҳои саратон, афзоиши маргумир ва тавлиди тифлони маслуқ (Сербистон, Ироқ) ба қайд гирифта мешавад.

Абрҳои урандор ва рӯҳияи воҳиманок

Уран – металли хело зич ва душворгудоз аст, аммо ҳини сарбории калони зарбазанӣ (таркиши аслиҳа) урани тиҳишуда бо ҷудокунии пайвастагиҳои заҳрнок хело хуб дармегирад (меҷӯшад), ва бо ин ин пайвастагиҳо метавонанд атмосфера ва қаламраҳои ҳангуфтро заҳролуд кунанд.
Чанги уран ба қабати абртӯдаҳо мерасад, дурудароз “сайр мекунад” ва боз гашта ба замин бо боронҳо бармегардад.
Тасодуфӣ нест, ки таҳлилгари русиягӣ Алексей Анпилогов паёмадҳои нобудсозии аслиҳаи британиягии дорои урани таҳишуда дар наздикии Хмелнитскро бо сӯхтор дар нерғгоҳи барқии атомии Чернбил дар соли 1986 муқоиса намудааст.
Пас аз зарбаи мушакии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ба аслиҳаи артиши Украина сокинони Хмелнитск ва Тернополро “қаровулҳои доизметрӣ”-и ноҳиияҳии ҳаммарз ба стансияи барқии атомии Хмелнитск ташвиш доданд. Аз вилоятҳои Хмелнитский ва Тернополский кӯчонидани худбархудрӯйдиҳӣ оғоз гардидааст.
Знак радиационной опасности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2023
ФСБ аз ҳамалоти террористии хадамоти Украина дар нерӯгоҳҳои атомӣ пешгирӣ кард
Дар шарқи Лаҳистон афзоиши якбораи сатҳи висмут ба қайд гирифта шуд – ба ҳафт маротиба (висмут – маҳсулоте, ки дар натиҷаи таҷзияи урани тиҳишуда ҳосил мегардад). Абрҳои урандор ва рӯҳияи воҳиманок Варшаваро пӯшониданд, то ба Бухарест расидаанд.
Барои ваҳму воҳима асос ҳаст. Ҳар як тиркушоӣ бо гулӯлаи урандор наздик як гектар қаламравро заҳролуд мекунад. Таркииш аслиҳаи урандори қувваҳои мусаллаҳи Украина маънои заҳролудшавии кафолатноки дастикам якчанд минтақаҳои украиниро дорад.
Зарбаҳои амрикоӣ бо бомбаҳои авиатсионии дорои урани тиҳишуда ба қаламрави Сербистон дар соли 1999 ба афзоиши якбораи бемориҳо байни аҳолии осоишта оварда расонид – ҳамасола дар ин ҷо 800 нафар одамон бар асари саратон мефавтанд, аз ҷумла – кӯдакон.
Ҳазорҳо аскарони НАТО, ки дар амалиёти “Союзническая сила” (“Нерӯи иттифоқӣ”) иштирок доштанд, осеб диданд, садҳо нафари онҳо фавтиданд – алоқамандии урани тиҳишуда ва саратон аз ҷониби мутахассисон исбот шудааст, ва – ба тариқи судӣ.
Американский истребитель F-16 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2023
Ҷангандаҳои “F-16” барои артиши Украина: Ғарқшуда дасти кумак меҷӯяд
Тибқи иттилои СММ, дар ҷараёни зада даромадан ба Ироқ (2033-2004) низомиёни амрикоӣ наздик 300 тонна урани тиҳишударо истифода бурданд, дар натиҷа вазъияти радиатсионӣ дар шаҳри Фаллуҷа бадтра аз вазъи радиатсионӣ дар Хиросима ва Нагасака шуд.
Аҳолии осоиштаи шаҳрҳои ироқии Амара, Бағдод, Басра, Карбало аз соли 2009 инҷониб аз бемориҳои нодир ва номаълум ранҷ мекашад.
Дар пасманзари абрҳои урандар дар Аврупо ҷонишини раиси Шӯрои Амнияти ФР Дмитрий Медведев 23 май бори дигар хотиррасон намуд, ки интиқоли яроқ аз Ғарб ба Киев эҳтимолияти хатари апокалипсиси ядроиро зиёд мекунад.
Агар огоҳсозиҳо кор надиҳанд, ба Русия лозим меояд кишварҳои НАТО-ро ба воқеияти ҷиддии ҷаҳони бисёрқутба бо дигар воситаҳо баргардонад.
Лентаи хабарҳо
0