Дар Тоҷикистон қариб 800 адвокат фаъолият доранд

© Sputnik / Екатерина ЧесноковаГалстук
Галстук - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2023
Обуна шудан
Адвокатҳои Тоҷикистон дар давоми соли 2022 ба 37 ҳазор сокини минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ ёрии ҳукуқӣ бидуни гирифтани ҳаққи хизмат расондаанд
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон бар асоси қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" 26 май ҳамчун Рӯзи адвокатҳо ҷашн гирифта мешавад.
Ба иттилои Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон ин сана ба ташкили бахши адвокатураи тоҷик, ки таърихи беш аз якасра дорад дорад, вобаста аст.
Тавзеҳ дода шуд, ки баъди қабули Низомнома дар бораи аъсиси Адвокатураи собиқ Иттиҳоди шӯравӣ адвокатураи тоҷик низ арзи ҳастӣ карда, маҳз аз 26 майи соли 1922 ба фаъолият шуруъ намудаст.
Зикр шудааст, ки худи Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон аз соли 2015 дар кишвар фаъолият дошта, дар 5 минтақаи кишвар - Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе намояндагиҳо дорад.
Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2023
Нархи талоқ дар Тоҷикистон гаронтар мешавад: афзоиши боҷ барои ҷудошавии оилаҳо
Дар мавриди теъдоди адвокатҳо дар Тоҷикистон иттилоъ дода шудааст, ки то ҳол ба зиёда аз 950 адвокат бо қарори Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Тоҷикистон мақоми адвокатӣ дода шудааст.
Ин мақом аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ супоридани имтиҳони тахассусӣ дода мешавад.
Ба иттилои Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, феълан аз миёни 950 шахси дорои мақоми адвокатӣ ҳудуди 800 нафарашон дар ҷумҳурӣ фаъолияти касбияшонро пеш бурда, ба аҳолии кишвар ёрии ҳуқуқӣ мерасонад.
Зикр гардидаст, ки дар соли 2022 аз ҷониби адвокатҳо ба 37 ҳазор аҳолии ҷумҳурӣ ёрии ҳукуқии ройгон расонида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0