https://sputnik.tj/20230427/manturov-imkoniyathoi-sharikii-spad-amali-1056721650.html
Мантуров: Имкониятҳои шарикии СПАД пурра амалӣ нашудаанд
Мантуров: Имкониятҳои шарикии СПАД пурра амалӣ нашудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои ИДМ бояд ҳамкориро дар тавлиди маҳсулоти низомӣ афзоиш диҳанд ва шаклҳои нави табодули салоҳиятҳоро таҳия намоянд
2023-04-27T13:44+0500
2023-04-27T13:44+0500
2023-04-27T13:44+0500
дар тоҷикистон
спад
денис мантуров
ҳамкорӣ
равобит
манфиат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056680837_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_d4eb683a51331265419e876e8502536c.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Имкониятҳои шарикии байналмилалӣ дар чаҳорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҳоли ҳозир пурра роҳандозӣ нашудааст.Дар ин бора Денис Мантуров, муовини нахуствазири Русия дар нишасти XXI Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои низомиву иқтисодии паймон изҳор дошт."Мо дар як давраи душвори ноустувории геополитикӣ ҷамъ омадем. Дар ин давра таҳкими иқтидори дифоии кишварҳои узви СПАД муҳим мебошад", - таъкид кард ӯ.Ба гуфтаи Мантуров, аҳдофи аслии ин Созмон ҳамкориҳои илмию истеҳсолӣ дар тавлиди маҳсулоти низомӣ, ҳамчунин таҷдид ва таъмири онҳо, ҳамгироии корхонаҳои дифои кишварҳои СПАД ва стандартсозии аслиҳа дар чаҳорчӯби ин созмон аст.Инчунин вай афзуд, ки бояд шаклҳои нави муколама ва табодули салоҳиятҳоро таҳия кард ва вазифаи асосии СПАД нигоҳ доштани мувозинатест, ки дар минтақа ба вуҷуд омадааст: Созмон бояд манфиатҳои миллии аъзои худро ба назар гирад.Ба гуфтаи вай, ҳамгироии минбаъдаи корхонаҳои дифоъӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва тавозун зарур аст.
https://sputnik.tj/20230426/vaziri-sanoat-savdoi-rusiya-tojikiston-omad-1056701700.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056680837_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_c052d340c017506125a472e0603bdb2f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
спад, тоҷикистон, имконият, салоҳият, табодул, низомӣ, мантуров
спад, тоҷикистон, имконият, салоҳият, табодул, низомӣ, мантуров
Мантуров: Имкониятҳои шарикии СПАД пурра амалӣ нашудаанд
Кишварҳои ИДМ бояд ҳамкориро дар тавлиди маҳсулоти низомӣ афзоиш диҳанд ва шаклҳои нави табодули салоҳиятҳоро таҳия намоянд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Имкониятҳои шарикии байналмилалӣ дар чаҳорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҳоли ҳозир пурра роҳандозӣ нашудааст.
Дар ин бора Денис Мантуров, муовини нахуствазири Русия дар нишасти XXI Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои низомиву иқтисодии паймон изҳор дошт.
"Мо дар як давраи душвори ноустувории геополитикӣ ҷамъ омадем. Дар ин давра таҳкими иқтидори дифоии кишварҳои узви СПАД муҳим мебошад", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи Мантуров, аҳдофи аслии ин Созмон ҳамкориҳои илмию истеҳсолӣ дар тавлиди маҳсулоти низомӣ, ҳамчунин таҷдид ва таъмири онҳо, ҳамгироии корхонаҳои дифои кишварҳои СПАД ва стандартсозии аслиҳа дар чаҳорчӯби ин созмон аст.
Инчунин вай афзуд, ки бояд шаклҳои нави муколама ва табодули салоҳиятҳоро таҳия кард ва вазифаи асосии СПАД нигоҳ доштани мувозинатест, ки дар минтақа ба вуҷуд омадааст: Созмон бояд манфиатҳои миллии аъзои худро ба назар гирад.
Ба гуфтаи вай, ҳамгироии минбаъдаи корхонаҳои дифоъӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва тавозун зарур аст.