Зебоии маргбор: Варзишкори ӯзбек баъди ҷарроҳии пластикӣ даргузашт

© Sputnik / Варвара Гертье / Гузариш ба медиабонкХирурги на операции, архивное фото
Хирурги на операции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2023
Обуна шудан
Додситонии Ӯзбекистон аллакай барои муайян кардани сабабҳои дақиқи марги шамшербози маъруф ва довари дараҷаи байналмилалӣ, ташхиси судӣ-тиббӣ таъин кардааст
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Шамшербози маъруф Аида Ҳасанова дар шаҳри Тошканд пас аз ҷарроҳии пластикӣ даргузашт.
Марги варзишкорро торномаи расмии Федератсияи шамшербозии Ӯзбекистон тасдиқ кардааст.
Ҳамкорони ӯ ба сабаби вафоти довари сатҳи байналмилалӣ таъзия баён кардаанд.
Додситонӣ тафтишотро оғоз карда, барои муайян кардани сабабҳои марги ин шахсияти маъруф ташхиси судӣ таъин кардааст.
Гуфта мешавад, ки ин зани 39-сола дар яке аз клиникаҳои хусусии Тошканд ҷарроҳии косметикӣ анҷом додааст. Аллакай 23 май аҳволаш бадтар шудааст. Бо қарори табибон Ҳасанова ба беморхонаи дигар интиқол дода шуд, вале худи ҳамон шом даршуъбаи эҳё даргузашт.

Тарҷумаи ҳоли Аида Хасанова

Қаҳрамони чандинкаратаи Ӯзбекистон Аида Ҳасанова соли 1983 дар Тошканд таваллуд шудааст. Вай ҳамчунин қаҳрамони Осиёи Марказӣ дар солҳои 2001-2006, барандаи медали тиллои мусобиқаи байналмилалии соли 2005 дар Англия мебошад.
Дар соли 2014 Ҳасанова аввалин довари байналмилалӣ дар таърихи Ӯзбекистон оид ба шамшербозӣ бо истифода аз 3 намуди силоҳ шуд.
Вай инчунин довари Федератсияи байналмилалии шамшербозӣ (FIE) мебошад.
Даргузашти тарроҳи машҳури Русия Валентин Юдашкин
Соли 2015 варзишгар бори нахуст дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё ба ҳайси ҳакам аз Ӯзбекистон ширкат варзида, пас аз 2 сол барои саҳми бузургаш дар рушди варзиш ба вазифаи сардовари Федератсияи шамшербозии ҷумҳурӣ таъин шуд.
Соли 2019 дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио аввалин довар аз Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ интихоб шуд ва дар он ҷо ягона довари зан буд.
Лентаи хабарҳо
0