Даргузашти тарроҳи машҳури Русия Валентин Юдашкин

© Sputnik / Vladimir FedorenkoРоссийский модельер Валентин Юдашкин на презентации своей коллекции
Российский модельер Валентин Юдашкин на презентации своей коллекции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2023
Обуна шудан
Тарроҳи маъруфи Шуравӣ ва рус дар синни 60-солагӣ даргузашт. Наздиконаш гуфтанд солҳои ахир ӯ бо бемории вазнин мубориза мебурд
ДУШАНБЕ, 2 МАЙ — Sputnik. Тарроҳи рус Валентин Юдашкин даргузашт, иттилоъ додааст шабакаи аввали телевизиони Русия.
"Валентин Юдашкин аз олам чашм пушид. Тарроҳи олиҷаноб, устоди шинохтаи муди ҷаҳонӣ. Либосҳои ӯро ситораҳои шоу-бизнес, театр ва синамо мепушиданд ва намоишҳои ӯ ҳамеша таваҷҷуҳи зиёдро ба худ ҷалб мекард", - навиштааст ин шабака.
Тарроҳи муд дар синни 59-солагӣ даргузашт.
Ӯ имкон дошт, ки барои тими олимпии Русия дар Лиллеҳаммер ва Атланта либос таҳия кунад. Ӯ ҳамчунин тарроҳи либосҳои дастаи мунтахаби Русия оид ба футболи мардону занон дар соли 1999 буд.
Руководитель московского Дома моды на проспекте Мира Вячеслав Зайцев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2023
Устураи муди рус Вячеслав Зайтсев: "Кардини шӯравӣ" дар аксҳо
Дар соли 2008 ӯ дар таҳияи либосҳои гузашти низомии артиши Русия ширкат кардааст.
Барои дастовардҳо дар соҳаи муд ӯ дорои унвони ҳунарпешаи халқӣ ва Ҳунарпешаи шоистаи Русия аст. Ҳамчунин ӯ ордени Шараф ва бо ордени санъат ва адаби Фаронса мукофотонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабари даргузашти тарроҳи дигари машҳури Русия Слава Зайтсев низ расонаӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0