https://sputnik.tj/20230525/sel-tojikiston-harobkoriho-1057350818.html
Баста шудани роҳҳо ва талафи чорво: Харобкориҳои сел дар Тоҷикистон - видео
Баста шудани роҳҳо ва талафи чорво: Харобкориҳои сел дар Тоҷикистон - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳудуди ноҳияи Файзобод бар асари селфароӣ 31 сар чорвои калони шохдор нобуд шуд, хабар медиҳад раҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи минтақавӣ
2023-05-25T12:38+0500
2023-05-25T12:38+0500
2023-05-25T12:38+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон
кҳф
иҷтимоъ
селфароӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/04/1056149494_0:370:960:910_1920x0_80_0_0_27e4836011278be04c6c8019cb0f6997.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Борону жолаи шадид дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон боиси омадани сел ва харобкориҳо гардид. Дар ин бора, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд. Ҳамин тариқ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон заминҳои наздиҳавлигӣ, роҳи мошингард ва заминҳои кишоварзӣ зери об мондаанд. Гуфта мешавад, ки барои рафъи паёмадҳо нерӯ ва васоили Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сафарбар шудааст. Ҳоло корҳо барои аз лойоба тоза кардани қитъаҳои наздиҳавлигӣ давом дошта, зарари он муайян карда мешавад. Илова бар ин, сел дар масофаи 5 километр шоҳроҳи Сарипул-Навободро баст. Раёсати КҲФ таъкид карда, ки дар ноҳияи Файзобод 31 сар чорвои калони шохдор бар асари лағжиши ярч ба ҳалокат расидааст. Хушбахтона миёни сокинони маҳаллӣ талафот ба қайд гирифта нашудааст. Селхезӣ дар Тоҷикистон хисорот ба бор овард: ҳушдори КҲФЁдовар мешавем, ки то 26 май эҳтимоли фаромадани тарма, сел, ярч ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо ва обанборҳо боқӣ мемонад. Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/04/1056149494_0:280:960:1000_1920x0_80_0_0_87b4a360980f57609e5fb2d38c36c9c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
харобкориҳо, сел, тоҷикистон
харобкориҳо, сел, тоҷикистон
Баста шудани роҳҳо ва талафи чорво: Харобкориҳои сел дар Тоҷикистон - видео
Дар ҳудуди ноҳияи Файзобод бар асари селфароӣ 31 сар чорвои калони шохдор нобуд шуд, хабар медиҳад раҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи минтақа
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Борону жолаи шадид дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон боиси омадани сел ва харобкориҳо гардид.
Дар ин бора, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.
Ҳамин тариқ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон заминҳои наздиҳавлигӣ, роҳи мошингард ва заминҳои кишоварзӣ зери об мондаанд.
Гуфта мешавад, ки барои рафъи паёмадҳо нерӯ ва васоили Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сафарбар шудааст.
Ҳоло корҳо барои аз лойоба тоза кардани қитъаҳои наздиҳавлигӣ давом дошта, зарари он муайян карда мешавад. Илова бар ин, сел дар масофаи 5 километр шоҳроҳи Сарипул-Навободро баст.
Раёсати КҲФ таъкид карда, ки дар ноҳияи Файзобод 31 сар чорвои калони шохдор бар асари лағжиши ярч ба ҳалокат расидааст. Хушбахтона миёни сокинони маҳаллӣ талафот ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки то 26 май эҳтимоли фаромадани тарма, сел, ярч ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо ва обанборҳо боқӣ мемонад.
Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд.