https://sputnik.tj/20220121/uzbekiston-ittihodi-avruosiyo-tojikiston-1045035625.html
Ӯзбекистон дар миёни фаъолони Иттиҳоди Авруосиё: Тоҷикистон чӣ?
Ӯзбекистон дар миёни фаъолони Иттиҳоди Авруосиё: Тоҷикистон чӣ?
Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбекистон моҳи декабри соли 2020 мақоми нозир дар ИИАО -ро гирифт ва аллакай як қатор ташаббусҳоро пешниҳод кардааст
2022-01-21T18:12+0500
2022-01-21T18:12+0500
2022-10-05T18:27+0500
ӯзбекистон
авруосиё
нозир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103042/73/1030427380_0:66:3000:1754_1920x0_80_0_0_88800a7deceaf02d762d966a390299ab.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди АвруОсиё масъалаи ҷалби кишварҳои нозирро дар равандҳое, ки дар чорчӯби иттиҳод сурат мегиранд, баррасӣ хоҳад кард. Пеш аз ҳама сухан дар бораи Ӯзбекистон меравад, гуфт ҷонишини сарвазири Беларус, аъзои шӯро Игор Петришенко. Моҳи декабри соли гузашта дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки мушорикати кишварҳои нозир дар кори созмон васеъ карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, ин пешниҳоди Ӯзбекистон буд, ки дар чорчӯби иттиҳод масоили мавриди назари кишварҳои узв ва ҳам нозирон баррасӣ карда шавад.Ба гуфти муовини нахуствазири Беларус, дар ин ҷаласа ҳамчунин баррасии густариши тиҷорати ИИАО бо кишварҳои севум, масъалаҳои ҳифзи гумрукӣ, боҷ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқоли коло дар доираи иттиҳод пешбинӣ шудааст. Ӯ қайд кард, ки рӯзномаи маҷлиси якум дар соли нав зиёда аз 30 масъаларо дар бар мегирад."Инҳо мавзуъҳои мубрами марбут ба таблиғи колоҳои мо, иҷрои созишномае мебошанд, ки дар охири соли гузашта сарони давлатҳо дар бораи истифодаи пломбаҳои навигатсионӣ барои пайгирии мол ҳангоми интиқол имзо карда буданд", - гуфт Петришенко. Вай таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта гардиши савдои дохилӣ дар ИИАО 23% афзоиш ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки ИИАО аз соли 2015 фаъолият мекунад. Ин иттиҳодияи иқтисодӣ Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро шомил мешавад. Ӯзбекистон соли 2020 дар ин иттиҳодия нозир шуд.Тоҷикистон ва ИИАОБояд гуфт, музокирот дар бораи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО чанд сол боз идома дорад. Ба гуфтаи коршиносон, аз чунин иқдом назар ба камбудиҳо бартариҳо зиёдтаранд.Пеш аз ҳама узвият дар иттиҳод ба кишвар имкон медиҳад, ки потенсиали тиҷоратӣ ва сармоягузории худро боз кунад.Ҳамин тавр вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки ба Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи ворид шудан ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё вақт лозим дорад."Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё як созмони ҷавон аст, аз ин рӯ ҳоло баҳо додан ба ҳама ҷиҳатҳои мусбат ва манфии пайвастани ҷумҳурӣ ба ин иттиҳод имконнопазир аст", - гуфт ӯ.Ба гуфтаи Завқизода, мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи кишварҳои узви иттиҳод бо иқтисодҳои шабеҳро меомӯзанд ва таҳлил мекунанд. Пеш аз ҳама инҳо Қирғизистон ва Арманистон мебошанд.Вазир таъкид кард, ки дар масъалаи вуруди ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё шитоб кардан маънӣ надорад. Таҳияи омори намунавӣ дар бораи фаъолияти иқтисодии созмон метавонад солҳо тӯл кашад.
https://sputnik.tj/20211026/uzbekiston-prezident-mirziyoev-iiao-1043096307.html
https://sputnik.tj/20210820/nazarboev-payvastan-tojikiston-uzbekiston-ittihodi-iqtisodii-avrosiyo-1041804827.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103042/73/1030427380_288:0:2713:1819_1920x0_80_0_0_9a80189facfe0f46ac8d941498817903.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, иттиҳоди авруосиё
ӯзбекистон, иттиҳоди авруосиё
Ӯзбекистон дар миёни фаъолони Иттиҳоди Авруосиё: Тоҷикистон чӣ?
18:12 21.01.2022 (Навсозишуда: 18:27 05.10.2022) Ӯзбекистон моҳи декабри соли 2020 дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё мақоми нозирро гирифт ва аллакай ташаббусҳоеро пешниҳод кардааст
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди АвруОсиё масъалаи ҷалби кишварҳои нозирро дар равандҳое, ки дар чорчӯби иттиҳод сурат мегиранд, баррасӣ хоҳад кард.
Пеш аз ҳама сухан дар бораи Ӯзбекистон меравад, гуфт ҷонишини сарвазири Беларус, аъзои шӯро Игор Петришенко.
Моҳи декабри соли гузашта дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, ки мушорикати кишварҳои нозир дар кори созмон васеъ карда шавад.
"Аз номи сарони давлатҳо имрӯз мо масъалаи ҷалби нозирон, пеш аз ҳама Ӯзбекистонро ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар чорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии Аврурсиё баррасӣ хоҳем кард", - гуфт Петришенко.
Ба гуфтаи ӯ, ин пешниҳоди Ӯзбекистон буд, ки дар чорчӯби иттиҳод масоили мавриди назари кишварҳои узв ва ҳам нозирон баррасӣ карда шавад.
Ба гуфти муовини нахуствазири Беларус, дар ин ҷаласа ҳамчунин баррасии густариши тиҷорати ИИАО бо кишварҳои севум, масъалаҳои ҳифзи гумрукӣ, боҷ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқоли коло дар доираи иттиҳод пешбинӣ шудааст.
Ӯ қайд кард, ки рӯзномаи маҷлиси якум дар соли нав зиёда аз 30 масъаларо дар бар мегирад.
"Инҳо мавзуъҳои мубрами марбут ба таблиғи колоҳои мо, иҷрои созишномае мебошанд, ки дар охири соли гузашта сарони давлатҳо дар бораи истифодаи пломбаҳои навигатсионӣ барои пайгирии мол ҳангоми интиқол имзо карда буданд", - гуфт Петришенко.
Вай таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта гардиши савдои дохилӣ дар ИИАО 23% афзоиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО аз соли 2015 фаъолият мекунад. Ин иттиҳодияи иқтисодӣ Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро шомил мешавад. Ӯзбекистон соли 2020 дар ин иттиҳодия нозир шуд.
Бояд гуфт, музокирот дар бораи вуруди Тоҷикистон ба ИИАО чанд сол боз идома дорад. Ба гуфтаи коршиносон, аз чунин иқдом назар ба камбудиҳо бартариҳо зиёдтаранд.
Пеш аз ҳама узвият дар иттиҳод ба кишвар имкон медиҳад, ки потенсиали тиҷоратӣ ва сармоягузории худро боз кунад.
Ҳамин тавр вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки ба Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи ворид шудан ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё вақт лозим дорад.
"Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё як созмони ҷавон аст, аз ин рӯ ҳоло баҳо додан ба ҳама ҷиҳатҳои мусбат ва манфии пайвастани ҷумҳурӣ ба ин иттиҳод имконнопазир аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Завқизода, мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи кишварҳои узви иттиҳод бо иқтисодҳои шабеҳро меомӯзанд ва таҳлил мекунанд. Пеш аз ҳама инҳо Қирғизистон ва Арманистон мебошанд.
Вазир таъкид кард, ки дар масъалаи вуруди ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё шитоб кардан маънӣ надорад. Таҳияи омори намунавӣ дар бораи фаъолияти иқтисодии созмон метавонад солҳо тӯл кашад.