Ҳукумати толибҳо роҳи оҳанро дар Афғонистон рушд медиҳанд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкСтроительство спецморнефтепорта в бухте Козьмино
Строительство спецморнефтепорта в бухте Козьмино - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2023
Обуна шудан
Ҳукумати феълии Афғонистон дар симои толибҳо эълон кардааст, ки 20 коргари роҳи оҳанро барои омӯзиш ба кишвари Ӯзбекистон фиристодааст
ДУШАНБЕ, 25 мая — Sputnik. Ба гуфтаи раёсати роҳи оҳани толибҳо, масъулини ин ширкат дар муассисаи омӯзишии “Суғдиёна транс” ки қарордодеро барои нигаҳдории роҳи оҳани Ҳайратон - Мазори Шариф баранда шуд, таҳсил хоҳанд кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Пас аз такмили омузиши ин гурӯҳ, ҳукумати толибҳо қасд доранд як нафари дигарро барои омӯзиш бифиристанд.
Ба теъдоди 20 тани кормандони техникии раёсати хати оҳани Балх барои омӯзишҳои илмӣ ба ширкати “Суғдиёна транс” муаррифӣ шуд.
Кормандони муаррифшуда ба муддати 6 моҳ дар бахшҳои интиқолот ва ҳифзу муроқибати хати оҳан аз мутахасассони ширкат ӯзбекистонии Суғдиёна транс, ки феълан интиқолот, ҳифзу муроқибати хати оҳани Ҳайратон – Мазори Шарифро анҷом медиҳад, омӯзиш илмӣ хоҳад дид.
Добыча нефти из нефтяной скважины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2023
Ҳамкории Афғонистон ва Русия барои истихроҷи нафт
Ҳамчунин дар назараст, баъд аз фароғати ин 20 тан, гурӯҳи дигари аз кормндни техникӣ ба ширкати мазкур барои фарогирии омӯзишҳои илмии муаррифии мигарданд.
Идораи хати оҳани Афғонистон талош мекунад то ҳади имкони фурсатҳои омӯзишҳои техникиро барои кормандони хеш фароҳам намояд то битавонад тамоми умури хати оҳанро тавассути кадрҳои афғонӣ анҷом диҳад.
Лентаи хабарҳо
0