https://sputnik.tj/20230524/ryabkov-kiev-hadaf-qonun-neru-rusiya-1057337138.html
Рябков: F-16-ҳо барои Киев ҳадафи қонунӣ барои нерӯҳои Русия хоҳанд буд
Рябков: F-16-ҳо барои Киев ҳадафи қонунӣ барои нерӯҳои Русия хоҳанд буд
Sputnik Тоҷикистон
Маскав таъкид кард, ки ҳар навъи силоҳ, ки барои истифода дар минтақаи амалиёти низомӣ ба Украина интиқол дода мешавад, ҳадафи қонунӣ барои зарба хоҳад шуд 24.05.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-05-24T16:35+0500
2023-05-24T16:35+0500
2023-05-24T20:26+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёт
амният ва мудофиа
украина
пентагон
сергей лавров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/41/1027914158_0:0:2676:1506_1920x0_80_0_0_d1784f2b14236f9a0fb5d5c02055975c.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Ҳавопаймоҳои ҷангандаҳои F-16, ки аз ҷониби Ғарб ба Киев барои ҷанг дар минтақаи амалиёти вижа интиқол дода мешаванд, ҳадафи қонунии Русия хоҳанд шуд.Ин нуктаро муовини вазири умури хориҷии Русия Сергей Рябков дар посух ба РИА "Новости" баён дошт. Якравие, ки рақибони мо ба самти шиддати бештар гирифтани вазъ ҳаракат мекунанд, ба назари ман, на танҳо яке аз мушкилоти асосии рӯз, балки эҳтимолан бузургтарин таҳдид ба амният аст, аз ҷумла амнияти худи онҳост, афзуд ӯ. Ахиран рӯзномаи Politico бо такя ба як манбаи Пентагон қаблан навишта буд, ки вазорати дифои Амрико ба пешниҳоди эҳтимолии ҳавопаймоҳои F-16 ба Украина аз ҷониби кишварҳои дигар мухолифат намекунад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ин манбаъ, чунин тасмим дар мавриди интиқоли ҷангандаҳо аз сӯи ИМА ҳанӯз гирифта нашудааст, зеро Пентагон зарурати Украинаро ба онҳо дар марҳалаи кунунии низоъ намебинад. Дар Украина, тавре ки рӯзнома бо истинод ба мушовири вазири дифои Украина Юрий Сак менависад, умедворанд, ки то 50 ҷангандаи F-16 аз Ғарб бигиранд. Раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленский мехост, ки мавзӯи ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар маркази таваҷҷӯҳи нишасти G7 дар Ҷопон ва нишасти НАТО дар Литва қарор гирад. Русия ба далели интиқоли силоҳ ба Украина ба кишварҳои НАТО нота фиристод. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар боре, ки дорои силоҳ барои Украина аст, ҳадафи қонунии Русия мешавад.
https://sputnik.tj/20230523/khotima-jang-putin-amaliyot-1057317894.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/41/1027914158_0:0:2600:1950_1920x0_80_0_0_0660741d576f2cf55f82280da75cadfe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, амалиёт, амният ва мудофиа, украина, пентагон, сергей лавров
дар русия, амалиёт, амният ва мудофиа, украина, пентагон, сергей лавров
Рябков: F-16-ҳо барои Киев ҳадафи қонунӣ барои нерӯҳои Русия хоҳанд буд
16:35 24.05.2023 (Навсозишуда: 20:26 24.05.2023) Маскав таъкид кард, ки ҳар навъи силоҳ, ки барои истифода дар минтақаи амалиёти низомӣ ба Украина интиқол дода мешавад, ҳадафи қонунӣ барои зарба хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Ҳавопаймоҳои ҷангандаҳои F-16, ки аз ҷониби Ғарб ба Киев барои ҷанг дар минтақаи амалиёти вижа интиқол дода мешаванд, ҳадафи қонунии Русия хоҳанд шуд.
Ин нуктаро муовини вазири умури хориҷии Русия Сергей Рябков дар посух ба РИА "Новости" баён дошт.
"Мо борҳо гуфта будем, ки ҳама гуна таҷҳизот, ҳар гуна силоҳе, ки Киев дар минтақаи амалиёти вижа истифода мекунад ва на танҳо - мо ҳодисаҳои рухдода дар вилояти Белгород дидем - албатта ҳадафи қонунӣ мебошанд", - гуфт Рябков.
Якравие, ки рақибони мо ба самти шиддати бештар гирифтани вазъ ҳаракат мекунанд, ба назари ман, на танҳо яке аз мушкилоти асосии рӯз, балки эҳтимолан бузургтарин таҳдид ба амният аст, аз ҷумла амнияти худи онҳост, афзуд ӯ.
Ахиран рӯзномаи Politico бо такя ба як манбаи Пентагон қаблан навишта буд, ки вазорати дифои Амрико ба пешниҳоди эҳтимолии ҳавопаймоҳои F-16 ба Украина аз ҷониби кишварҳои дигар мухолифат намекунад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ин манбаъ, чунин тасмим дар мавриди интиқоли ҷангандаҳо аз сӯи ИМА ҳанӯз гирифта нашудааст, зеро Пентагон зарурати Украинаро ба онҳо дар марҳалаи кунунии низоъ намебинад.
Дар Украина, тавре ки рӯзнома бо истинод ба мушовири вазири дифои Украина Юрий Сак менависад, умедворанд, ки то 50 ҷангандаи F-16 аз Ғарб бигиранд. Раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленский мехост, ки мавзӯи ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар маркази таваҷҷӯҳи нишасти G7 дар Ҷопон ва нишасти НАТО дар Литва қарор гирад.
Русия ба далели интиқоли силоҳ ба Украина ба кишварҳои НАТО нота фиристод. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар боре, ки дорои силоҳ барои Украина аст, ҳадафи қонунии Русия мешавад.