https://sputnik.tj/20230524/oshnoi-korkhona-bozdid-maqomot-uzbekiston-tojikiston-1057338852.html
Ошноӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ: Боздиди мақомоти баландпояи Ӯзбекистон аз Тоҷикистон
Ошноӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ: Боздиди мақомоти баландпояи Ӯзбекистон аз Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақсади сафари ҳайати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ошноӣ бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маводи сӯзишворӣ ва мусоидат ба густариши роҳҳои иртиботӣ мебошад
2023-05-24T17:35+0500
2023-05-24T17:35+0500
2023-05-24T17:35+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
ҳамкорӣ
равобит
боздид
коргоҳ
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/18/1057338679_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_977ff7c0e014efbadc074713134c500a.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Ахиран намояндагони Ҳукумати Ӯзбекистон дар раъси мудири бахши Шӯрои вазирон, вазири саноати кӯҳкорӣ ва геология, дар ҳайати муовини вазири энергетика, намояндагони ширкатҳои “Ӯзбекистон темир йӯллари”, ”Ӯзкимиёсаноат” ва дигар корхонаҳои азими саноатӣ, аз тариқи Панҷакент ба кишвар ташриф оварданд.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри панҷакент хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар гузаргоҳи сарҳадии Саразм меҳмононро муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифтанд.“Боздид бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маводи сӯзишворӣ, мусоидат ба густариши роҳҳои иртиботӣ, рушди ҳамкориҳо дар бахши саноати кӯҳкорӣ ва роҳу нақлиёт дар заминаи қарордодҳои байниҳукуматӣ сурат мегирад”, - цайд кард манбаъ.Зикр гардидааст, ки щайати намояндагони Ҳукумати Ӯзбекистон дар ин сафар бо фаъолияти ҶДММ “ Дион ангишт Тоҷикистон” дар Ҷамоати деҳоти Моғиён, ҶДММ “Дарё-2015”, ки дар мавзеи Шурбутаи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ барои ба таври саноатӣ истеҳсол намудани захираҳои бузурги ангишти минтақаи Киштуд – Заврон корҳои омодагиро ба роҳ мондааст, ҶДММ “Сиёвуш”, ки ба истеҳсоли ангишти мавзеи Шашкат машғул аст, шинос шуданд ва захираҳои ангишт дар ин мавзеъҳо, инфрасохтори онҳо, имкониятҳои ҳамкорӣ дар ин самтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар идомаи сафар меҳмонон дар минтақаи Дашти Зарринрӯди Ҷамоати деҳоти Амондара, ки тибқи пешбиниҳо яке аз пойгоҳҳои роҳи оҳани Булунғур- Панҷакент ҷойгир хоҳад шуд, ошно шуданд.Баъди шиносоӣ бо тарҳи роҳ бунёди он барои рушди ҳамкориҳо байни ду ҷумҳурии ҳамсоя ва дӯст, тиҷорат, ташкили коргоҳҳои муштарак, баромадан ба бозори беруна, истифодаи босамари захираҳои азими маъодини қисми тоҷикистонии водии Зарафшон муҳим арзёбӣ шуд.Меҳмонон ҳамчунин аз зиёрати оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷруд дидан карданд.Таъкид шудааст, ки боздиди ҳайати ҳукуматии Ӯзбекистон аз дигар шаҳру навоҳии мамлакат идома меёбад.
https://sputnik.tj/20230510/tojikiston-voridkunanda-asli-qolin-uzbakiston-1057008698.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/18/1057338679_53:0:1873:1365_1920x0_80_0_0_459a4a66555190a2c3d9189159528d03.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, боздид, мақомот, баландпоя, иртибот, ҳамкорӣ, ӯзбекистон, намояндагони ҳукумат
тоҷикистон, боздид, мақомот, баландпоя, иртибот, ҳамкорӣ, ӯзбекистон, намояндагони ҳукумат
Ошноӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ: Боздиди мақомоти баландпояи Ӯзбекистон аз Тоҷикистон
Мақсади сафари ҳайати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ошноӣ бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маводи сӯзишворӣ ва мусоидат ба густариши роҳҳои иртиботӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Ахиран намояндагони Ҳукумати Ӯзбекистон дар раъси мудири бахши Шӯрои вазирон, вазири саноати кӯҳкорӣ ва геология, дар ҳайати муовини вазири энергетика, намояндагони ширкатҳои “Ӯзбекистон темир йӯллари”, ”Ӯзкимиёсаноат” ва дигар корхонаҳои азими саноатӣ, аз тариқи Панҷакент ба кишвар ташриф оварданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри панҷакент хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар гузаргоҳи сарҳадии Саразм меҳмононро муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифтанд.
“Боздид бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маводи сӯзишворӣ, мусоидат ба густариши роҳҳои иртиботӣ, рушди ҳамкориҳо дар бахши саноати кӯҳкорӣ ва роҳу нақлиёт дар заминаи қарордодҳои байниҳукуматӣ сурат мегирад”, - цайд кард манбаъ.
Зикр гардидааст, ки щайати намояндагони Ҳукумати Ӯзбекистон дар ин сафар бо фаъолияти ҶДММ “ Дион ангишт Тоҷикистон” дар Ҷамоати деҳоти Моғиён, ҶДММ “Дарё-2015”, ки дар мавзеи Шурбутаи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ барои ба таври саноатӣ истеҳсол намудани захираҳои бузурги ангишти минтақаи Киштуд – Заврон корҳои омодагиро ба роҳ мондааст, ҶДММ “Сиёвуш”, ки ба истеҳсоли ангишти мавзеи Шашкат машғул аст, шинос шуданд ва захираҳои ангишт дар ин мавзеъҳо, инфрасохтори онҳо, имкониятҳои ҳамкорӣ дар ин самтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар идомаи сафар меҳмонон дар минтақаи Дашти Зарринрӯди Ҷамоати деҳоти Амондара, ки тибқи пешбиниҳо яке аз пойгоҳҳои роҳи оҳани Булунғур- Панҷакент ҷойгир хоҳад шуд, ошно шуданд.
Баъди шиносоӣ бо тарҳи роҳ бунёди он барои рушди ҳамкориҳо байни ду ҷумҳурии ҳамсоя ва дӯст, тиҷорат, ташкили коргоҳҳои муштарак, баромадан ба бозори беруна, истифодаи босамари захираҳои азими маъодини қисми тоҷикистонии водии Зарафшон муҳим арзёбӣ шуд.
Меҳмонон ҳамчунин аз зиёрати оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷруд дидан карданд.
Таъкид шудааст, ки боздиди ҳайати ҳукуматии Ӯзбекистон аз дигар шаҳру навоҳии мамлакат идома меёбад.