Аз нисф зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ТоҷикистонГульнора Хасанзода, министр труда, миграции и занятость населения
Гульнора Хасанзода, министр труда, миграции и занятость населения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2023
Обуна шудан
Ба гуфтаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ҳиссаи аҳолии синни то 35- сола аз 50 дарсад зиёд аст
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ахиран дар ҷаласае, таъкид кардааст, ки дар радифи тараққиёти соҳаи саноат ниёз ба ҷавонони соҳибкасбу соҳибмаърифат афзун мегардад.
Ба гуфтаи вай танҳо ин неруи созанда метавонад рушди устувори иқтисодиётро таъмин намояд.
Вай қайд кардааст, ки дар Тоҷикистон ҳиссаи аҳолии синни то 35- сола аз 50 дарсад зиёд аст, ки ин аз мавҷудияти неруи бузурги зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад, ки ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат менамояд.
Вай илова кард, ки рушду пешрафти кишвар ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор дар робитаи ногусастанӣ қарор дорад.
Давидани мақомдорони Суғд дар паҳлуи сокинон – видео аз таҷлили Рӯзи ҷавонон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2023
Мақомдорони Суғд барои таҷлили Рӯзи ҷавонон ба дави оммавӣ баромаданд – видео
Вазири меҳнат афзуд, ки ҳукумати кишвар талош дорад, ҷавонони соҳиби илму дониш, касбу ҳунарро зиёд намоячд ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии онҳо васеъ гардида, дар рушди босуботи кишвар саҳми назаррас гузоранд.
Ҳазанзода Гулнора зикр кардааст, ки пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон то кунун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад.
Лентаи хабарҳо
0