https://sputnik.tj/20230523/dushanbe-istifoda-tekhnologiya-hastai-1057298968.html
Бори нахуст: Истифодаи технологияи ҳастаӣ барои рушд дар Душанбе баррасӣ мешавад
Бори нахуст: Истифодаи технологияи ҳастаӣ барои рушд дар Душанбе баррасӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҳамоиши байналмилалӣ дар масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои техникии кишварҳои узви Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ гардид
2023-05-23T09:42+0500
2023-05-23T09:42+0500
2023-05-23T09:42+0500
дар тоҷикистон
илм ва фанноварӣ
технология
ҳастаӣ
маводи ядроӣ
ҳамоиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047610502_0:0:3099:1744_1920x0_80_0_0_fdfab84851c32d9a7a64dd36c30afe70.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Бори нахуст дар Тоҷикистон ҷаласаи солонаи ҳамоҳангсозони миллӣ дар масъалаи ҳамкориҳои техникии АБНА баргузор мегардад, ки 4 рӯз - аз 23 то 26 май давом мекунад. Ба иттилои Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳамоиш дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ - АБНА баргузор мешавад. Ҳадафи чорабинӣ густариши барномаҳои ҳамкориҳои техникии АБНА арзёбӣ мегардад. "Дар ин нишаст намояндагони кишварҳои узви минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои баррасӣ гирди ҳам меоянд, ки зимни нишаст нақшҳои муҳимми ҳамкории техникӣ ба ҳадафҳои осоишта истифода бурдани илм ва техникаи ядроӣ суханронӣ менамоянд", - омадааст дар иттилоия. Масъулини Академияи улуми Тоҷикистон мегӯянд, ин ҳамоиш ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки самаранокӣ ва таъсири лоиҳаҳои ҷориро арзёбӣ кунанд, самтҳои беҳбудиро муайян кунанд ва инчунин роҳҳои инноватсионии ҳалли мушкилоти пайдошударо омӯзанд.Таъкид шудааст, ки аз мақсадҳои ҷаласа муҳокима ва таҳияи стратегияҳо оид ба таҳкими тавонмандиҳои миллӣ ва минтақавӣ дар истифодаи илм ва технологияи ядроӣ барои рушди устувор, тамаркуз ба таълим, омӯзиш ва интиқоли дониш мебошад. Таҳияи стратегияҳо бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи манфиатҳо ва бехатарии илм ва технологияи ядроӣ, мусоидат ба дарки мусбат ва фаҳмиши ҷомеа аз масоили дигари ин чорабинӣ арзёбӣ гардиданд.
https://sputnik.tj/20230301/dastgoh-mavodi-yadroi-radioaktivi-furudgoh-khujand-1055236028.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047610502_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_3643bebf3b40408680213a3d877b5508.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баҳс, ҳамкорӣ, ҳастаӣ, душанбе
баҳс, ҳамкорӣ, ҳастаӣ, душанбе
Бори нахуст: Истифодаи технологияи ҳастаӣ барои рушд дар Душанбе баррасӣ мешавад
Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҳамоиши байналмилалӣ дар масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои техникии кишварҳои узви Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Бори нахуст дар Тоҷикистон ҷаласаи солонаи ҳамоҳангсозони миллӣ дар масъалаи ҳамкориҳои техникии АБНА баргузор мегардад, ки 4 рӯз - аз 23 то 26 май давом мекунад.
Ба иттилои Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳамоиш дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ - АБНА баргузор мешавад.
Ҳадафи чорабинӣ густариши барномаҳои ҳамкориҳои техникии АБНА арзёбӣ мегардад.
"Дар ин нишаст намояндагони кишварҳои узви минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои баррасӣ гирди ҳам меоянд, ки зимни нишаст нақшҳои муҳимми ҳамкории техникӣ ба ҳадафҳои осоишта истифода бурдани илм ва техникаи ядроӣ суханронӣ менамоянд", - омадааст дар иттилоия.
Масъулини Академияи улуми Тоҷикистон мегӯянд, ин ҳамоиш ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки самаранокӣ ва таъсири лоиҳаҳои ҷориро арзёбӣ кунанд, самтҳои беҳбудиро муайян кунанд ва инчунин роҳҳои инноватсионии ҳалли мушкилоти пайдошударо омӯзанд.
Таъкид шудааст, ки аз мақсадҳои ҷаласа муҳокима ва таҳияи стратегияҳо оид ба таҳкими тавонмандиҳои миллӣ ва минтақавӣ дар истифодаи илм ва технологияи ядроӣ барои рушди устувор, тамаркуз ба таълим, омӯзиш ва интиқоли дониш мебошад.
Таҳияи стратегияҳо бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи манфиатҳо ва бехатарии илм ва технологияи ядроӣ, мусоидат ба дарки мусбат ва фаҳмиши ҷомеа аз масоили дигари ин чорабинӣ арзёбӣ гардиданд.