Раиси шаҳри Хуҷанд ба 100 ҷавони фаъол бурсия дод

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри ХуҷандМэр г.Худжанда в окружении стипендиатов
Мэр г.Худжанда в окружении стипендиатов   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2023
Обуна шудан
Стипендия бо мақсади ҳавасмандкунӣ ва дастгирии моддиву маънавии хонандагон ва донишҷўёни мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо, дода мешавад
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти шаҳр маросими супоридани стипендияҳои Раиси шаҳри Хуҷанд ба 100 хонандаву донишҷӯи муассисаҳои таълимӣ ва варзишгарон баргузор гардид.
Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҳавасмандкунӣ ва дастгирии моддиву маънавии хонандагон ва донишҷўёни мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ – техникӣ, коллеҷҳо ва донишгоҳҳои олӣ, ки давоми соли хониши 2022-2023 дар таҳсил ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, дар чорабиниҳои оммавию фарҳангии шаҳр фаъолона иштирок карданд.
Таъкид шудааст, ки сарфароз намудани онҳо бо стипендияи Раиси шаҳр ба ҳукми анъана даромадааст.
Школьники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2023
Мақомот гуфт, мактаббачаҳо кай ба таътили тобистона мебароянд
Дар маросими супоридани стипендия аз ҷавонону наврасон хоҳиш карда шуд, ки ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул шуда, таърихи халқи худро аз бар намоянд, Ватанро аз ҷон дӯсттар дошта, арзишу суннатҳои милливу фарҳангиро эҳтиром кунанд ва ба боварию эътимоди Сарвари давлатамон ҳамеша сазовор бошанд.
Дар охир ба гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр аз ҷониби роҳбарияти шаҳр гувоҳнома ва маблағи пулӣ тақдим карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0