https://sputnik.tj/20230522/maqomot-maktabbachaho-tatili-tobistona-1057293542.html
Мақомот гуфт, мактаббачаҳо кай ба таътили тобистона мебароянд
Мақомот гуфт, мактаббачаҳо кай ба таътили тобистона мебароянд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф эълон кардааст, ки дар Тоҷикистон хонандагони синфҳои 1 аз 25 май ва синфҳои 2-11 аз 1 июн ба таътили тобистона мебароянд
2023-05-22T19:30+0500
2023-05-22T19:30+0500
2023-05-22T19:30+0500
дар тоҷикистон
маориф
таътил
тобистон
мактаб
хонанда
мактаббачагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102850/23/1028502375_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_2b92b9a70a99760df49172aa1932060c.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барои хонандагони синфи 1-ум 25 май ва барои хонандагони синфҳои 2-11 1 июни соли 2023 ба анҷом мерасад.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, бо мақсади анҷом ёфтани соли таҳсили 2022-2023 фармоиши Вазири маориф ва илми Тоҷикистон "Оид ба анҷоми соли таҳсили 2022-2023, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон" ба тасвиб расид.Таъкид шудааст, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 3 то 10 июн, инчунин аттестатсияи хатми синфҳои 9-и муассисаҳои таҳсилотӣ аз 3 то 15 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 3 то 20 июн гузаронида мешавад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти Тоҷикистон хабар дода буд, ки теъдоди хонандагони макотиби миёна дар Тоҷикистон дар замони Истиқлол қариб 1 млн нафар бештар шуд.Ба иттилои манбаъ, феълан дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2,3 млн хонанда таҳсил доранд.Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда соли 1991 каме бештар аз 1,3 млн нафар буд.Манбаъ афзуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 3,4 ҳазор муассисаҳои таълимии нав бунёд карда шуданд.Илова бар ин, манбаъ хабар додааст, ки дар соли 2022 аз буҷети давлатӣ барои соҳаи маориф беш аз 6 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст.Ин маблағ аз хароҷоти соли гузашта 707 миллион сомонӣ зиёд буда, 19%-и хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20230514/beshtar-million-afzoishi-tedod-khonandagon-maktab-istiqlol-1057103320.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102850/23/1028502375_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_0812fea89988616dca3288be1446caea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мақомот, таътил, тобистона, мактаб, хонандагон, вазорати маориф
тоҷикистон, мақомот, таътил, тобистона, мактаб, хонандагон, вазорати маориф
Мақомот гуфт, мактаббачаҳо кай ба таътили тобистона мебароянд
Вазорати маориф эълон кардааст, ки дар Тоҷикистон хонандагони синфҳои 1 аз 25 май ва синфҳои 2-11 аз 1 июн ба таътили тобистона мебароянд
ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барои хонандагони синфи 1-ум 25 май ва барои хонандагони синфҳои 2-11 1 июни соли 2023 ба анҷом мерасад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, бо мақсади анҷом ёфтани соли таҳсили 2022-2023 фармоиши Вазири маориф ва илми Тоҷикистон "Оид ба анҷоми соли таҳсили 2022-2023, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон" ба тасвиб расид.
Таъкид шудааст, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 3 то 10 июн, инчунин аттестатсияи хатми синфҳои 9-и муассисаҳои таҳсилотӣ аз 3 то 15 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 3 то 20 июн гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти Тоҷикистон хабар дода буд, ки теъдоди хонандагони макотиби миёна дар Тоҷикистон дар замони Истиқлол қариб 1 млн нафар бештар шуд.
Ба иттилои манбаъ, феълан дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2,3 млн хонанда таҳсил доранд.
Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда соли 1991 каме бештар аз 1,3 млн нафар буд.
Манбаъ афзуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 3,4 ҳазор муассисаҳои таълимии нав бунёд карда шуданд.
Илова бар ин, манбаъ хабар додааст, ки дар соли 2022 аз буҷети давлатӣ барои соҳаи маориф беш аз 6 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст.
Ин маблағ аз хароҷоти соли гузашта 707 миллион сомонӣ зиёд буда, 19%-и хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.