Дар Хатлон 721 ҷавон дар мақомҳои роҳбарӣ фаъолият доранд

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонДевушки аплодируют президенту Таджикистана
Девушки аплодируют президенту Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2023
Обуна шудан
Теъдоди умумии ҷавонон дар вилояти Хатлон бошад ба 1 млн 39 ҳазору 300 нафар баробар аст, ки аз ин теъдод 509 ҳазору 994 нафарашон духтаронанд
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар вилояти Хатлон 721 ҷавон дар мақомҳои роҳбарӣ фаъолият доранд, гуфт раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суханронии табрикотии худ.
Ӯ ба муносибати Рӯзи ид ҷавонони Хатлонзаминро муборакбод гуфта, онҳоро такягоҳи асосии давлат, умеду ифтихори диёр хонд.
Бино ба гузориши раиси вилоят, ҷавонони машғули таҳсил дар вилояти Хатлон 338 ҳазору 636 нафарро ташкил медиҳанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.
Раиси вилоят қайд кард, ки ҷавононро насли ояндасоз, соҳибони фардои Ватан ва давлат медонад.
"Бо дарназардошти ин, ҷалби ҷавонони боистеъдод ба вазифаҳои роҳбарикунанда аз ҷониби Мақомоти Хатлон сол то сол афзун гардида, феълан 721 ҷавони муваффақи хатлонӣ дар мақомҳои роҳбарӣ фаъолияти босамар доранд", - гуфт ӯ.
Шумораи вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бошад аз ҳисоби ҷавонон 159 нафар зиёд гардида, теъдоди вакилони ҷавон ба 822 нафар расидааст.
Давлаталӣ Саид гуфт, ки ҷавонони тоҷик ҳамқадами замони муосир буда, имрӯзҳо ба омӯзиши забонҳо, азхудкунии илмҳои дақиқ, техника ва фанновариҳои навин машғуланд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2023
Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро шодбош гуфту насиҳат кард
Садҳо ҳазор ҷавонони мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии дохилу хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, корҳои илмиву таҳқиқотӣ анҷом медиҳанд ва дар дар раванди ободонии Ватан саҳми шоиста мегузоранд.
Ӯ гуфт, фардои дурахшони ин Ватан аз ташаббусҳои наҷиб ва анҷоми рисолатҳои бузурги ҷавонони соҳибватан оғоз мешавадва изҳори боварӣ кард, ки аз уҳдаи ин рисолати бузурги таърихӣ ва иҷрои вазифаи фарзандии хеш ҷавонон бо сарбаландӣ мебароянд.
Лентаи хабарҳо
0