https://sputnik.tj/20230510/avj-benazmi-pokiston-imron-kon-1057004801.html
Авҷи беназмӣ дар Покистон пас аз боздошти Имрон Хон
Авҷи беназмӣ дар Покистон пас аз боздошти Имрон Хон
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибдорони собиқ сарвазир пас аз боздошт гардидани ӯ ба кӯчаҳо рехта, бо масдуд кардани роҳҳо ва оташ задани мошини пулис беназмӣ барангехтанд
2023-05-10T10:16+0500
2023-05-10T10:16+0500
2023-05-10T10:24+0500
дар ҷаҳон
покистон
имрон хон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0a/1057004982_0:75:2138:1278_1920x0_80_0_0_6b5aefb5b08f917fd0b6113d87591929.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Пас аз боздошти сарвазири собиқ Имрон Хон дар Покистон ошӯб ба амал омад, хабар медиҳад "РИА Новости". Як рӯз пеш полис сиёсатмадорро пас аз чанд кӯшиши ҳамла ба ӯ дар манзилаш боздошт кард. Ба гузориши расонаҳои Покистон, маъмурони интизомӣ дар Қарочӣ, Лоҳур ва Файсалобод алайҳи издиҳом аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода кардаанд. Дар Исломобод ва Пешовар ҷонибдорони сарвазири собиқ кӯчаҳоро бастаанд. Гуфта мешавад, ки дар ин шаҳрҳо эътирозгарон мошинҳои пулисро оташ зада, ба моликияти давлат осеб расонидаанд. Имрон Хонро Бюрои миллии гузоришдиҳӣ боздошт кардааст. Пас аз боздошти ӯ ҳизби "Таҳрики Инсоф" аз тарафдорони собиқ сарвазир даъват намуд, ки ба ҷонибдорӣ аз ӯ садо баланд кунанд ва даст ба тазоҳурот зананд.Қаблан Бюрои масъулиятшиносии миллӣ алайҳи Хон, ҳамсари ӯ ва раҳбарони ҳизби "Таҳрики Инсоф", ки ба гуфтаи муфаттишон, барои таъсиси "Донишгоҳи Ал-Қодир" траст таъсис дода, ба хазинаи давлат 50 млрд рупия хисорот ворид кардаанд, таҳқиқ оғоз карда буд
https://sputnik.tj/20230509/sarvazir-sobiq-pokiston-imron-khon-bozdosht-1057000940.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0a/1057004982_179:0:2079:1425_1920x0_80_0_0_4bd1955913a4d3d38bbd89f64222bba3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
покистон имрон хон беназмӣ
покистон имрон хон беназмӣ
Авҷи беназмӣ дар Покистон пас аз боздошти Имрон Хон
10:16 10.05.2023 (Навсозишуда: 10:24 10.05.2023) Ҷонибдорони собиқ сарвазир пас аз боздошт гардидани ӯ ба кӯчаҳо рехта, бо масдуд кардани роҳҳо ва оташ задани мошини пулис беназмӣ барангехтанд
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Пас аз боздошти сарвазири собиқ Имрон Хон дар Покистон ошӯб ба амал омад, хабар медиҳад "РИА Новости".
Як рӯз пеш полис сиёсатмадорро пас аз чанд кӯшиши ҳамла ба ӯ дар манзилаш боздошт кард.
Ба гузориши расонаҳои Покистон, маъмурони интизомӣ дар Қарочӣ, Лоҳур ва Файсалобод алайҳи издиҳом аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода кардаанд.
Дар Исломобод ва Пешовар ҷонибдорони сарвазири собиқ кӯчаҳоро бастаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин шаҳрҳо эътирозгарон мошинҳои пулисро оташ зада, ба моликияти давлат осеб расонидаанд.
Имрон Хонро Бюрои миллии гузоришдиҳӣ боздошт кардааст. Пас аз боздошти ӯ ҳизби "Таҳрики Инсоф" аз тарафдорони собиқ сарвазир даъват намуд, ки ба ҷонибдорӣ аз ӯ садо баланд кунанд ва даст ба тазоҳурот зананд.
Қаблан Бюрои масъулиятшиносии миллӣ алайҳи Хон, ҳамсари ӯ ва раҳбарони ҳизби "Таҳрики Инсоф", ки ба гуфтаи муфаттишон, барои таъсиси "Донишгоҳи Ал-Қодир" траст таъсис дода, ба хазинаи давлат 50 млрд рупия хисорот ворид кардаанд, таҳқиқ оғоз карда буд