https://sputnik.tj/20230522/tayin-pardokhtpuli-yakumri-joizador-olimpi-tojikiston-1057290630.html
Таъйини пардохтпулии якумрӣ барои ҷоизадорҳои олимпӣ дар Тоҷикистон
Таъйини пардохтпулии якумрӣ барои ҷоизадорҳои олимпӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷоизадорони олимпӣ аз ҷумҳурӣ, ки давоми солҳои Истиқлол ба даст оварда шудаанду мешаванд, пардохтпулии якумра таъйин кард
2023-05-22T16:45+0500
2023-05-22T16:45+0500
2023-05-22T16:47+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ҳукумат
дилшод назаров
мавзуна чориева
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/16/1057291525_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_5709c25993b10b59812afe3e9aa79c34.jpg
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Пардохтпулии якумра барои ғолибону ҷоизадорони олимпӣ дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 пардохт карда мешавад. Дар ин бораи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон як қарори ҳукуматро имзо намудаст. Тибқи тартиби тасдиқкардаи ҳукумат, маблағҳо ба ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдолимпиро пардохт мегарданд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин ҳаҷми якмоҳаи кумакпулиро муқаррар кардааст, ки барои нишони тило ба 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар мебошад. Соли равон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомониро ташкил дода, он ҳамасола дар қонуни буҷаи ҷумҳурӣ мушаххас мешавад. Барои медали нуқра ва ҷои дуюм дар бозиҳои олимпӣ мукофотпулии ҳармоҳа дар ҳаҷми 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин гардидааст. Барои медали биринҷии олимпӣ кумакпулӣ 20 нишондиҳанда барои ҳисобро ташкил медиҳад. Таъкид шудааст, ки ин маблағ барои ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ пардохт мешавад, ки дар даврони истиқлолият соҳиби медал гардидаанд ё мешаванд. Таъкид шудааст, ки агар варзишгар аз ҷониби созмонҳои зидди допинг барои вайронкунии эҳтимолии қоидаҳои зидди допинг муҷозот карда шавад, пардохти моҳонаи якумра мутаваққиф мешавад. Инчунин таъкид шудааст, ки пардохтпулиҳо азсар гирифта мешавад, агар иттиҳоми созмонҳои зиддидопингӣ таъйид нашаванд. Айни ҳол Тоҷикистон 4 медали олимпӣ, аз ҷумла 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ дорад. Медали тилоро гурзандоз Дилшод Назаров, нишони нуқраро Юсуф Абдусаломов, медалҳои биринҷиро ҷудокор Расул Боқиев ва муштзан Мавзуна Чориева ба даст оварданд.
https://sputnik.tj/20230522/burd-bokht-ruz-avval-cafa-1057278586.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/16/1057291525_102:0:1917:1361_1920x0_80_0_0_3d2f1807a6946f6a3d5b737fddc192f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нишондор, олимпӣ, якумрӣ, ҷоиза, маблағ, нишон
нишондор, олимпӣ, якумрӣ, ҷоиза, маблағ, нишон
Таъйини пардохтпулии якумрӣ барои ҷоизадорҳои олимпӣ дар Тоҷикистон
16:45 22.05.2023 (Навсозишуда: 16:47 22.05.2023) Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷоизадорони олимпӣ аз ҷумҳурӣ, ки давоми солҳои Истиқлол ба даст оварда шудаанду мешаванд, пардохтпулии якумра таъйин кард
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Пардохтпулии якумра барои ғолибону ҷоизадорони олимпӣ дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 пардохт карда мешавад.
Дар ин бораи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон як қарори ҳукуматро имзо намудаст. Тибқи тартиби тасдиқкардаи ҳукумат, маблағҳо ба ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдолимпиро пардохт мегарданд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин ҳаҷми якмоҳаи кумакпулиро муқаррар кардааст, ки барои нишони тило ба 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар мебошад. Соли равон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомониро ташкил дода, он ҳамасола дар қонуни буҷаи ҷумҳурӣ мушаххас мешавад.
Барои медали нуқра ва ҷои дуюм дар бозиҳои олимпӣ мукофотпулии ҳармоҳа дар ҳаҷми 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин гардидааст. Барои медали биринҷии олимпӣ кумакпулӣ 20 нишондиҳанда барои ҳисобро ташкил медиҳад.
Таъкид шудааст, ки ин маблағ барои ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ пардохт мешавад, ки дар даврони истиқлолият соҳиби медал гардидаанд ё мешаванд.
Таъкид шудааст, ки агар варзишгар аз ҷониби созмонҳои зидди допинг барои вайронкунии эҳтимолии қоидаҳои зидди допинг муҷозот карда шавад, пардохти моҳонаи якумра мутаваққиф мешавад.
Инчунин таъкид шудааст, ки пардохтпулиҳо азсар гирифта мешавад, агар иттиҳоми созмонҳои зиддидопингӣ таъйид нашаванд.
Айни ҳол Тоҷикистон 4 медали олимпӣ, аз ҷумла 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ дорад. Медали тилоро гурзандоз Дилшод Назаров, нишони нуқраро Юсуф Абдусаломов, медалҳои биринҷиро ҷудокор Расул Боқиев ва муштзан Мавзуна Чориева ба даст оварданд.