https://sputnik.tj/20230301/dastgoh-mavodi-yadroi-radioaktivi-furudgoh-khujand-1055236028.html
Насби дастгоҳи кашфи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд
Насби дастгоҳи кашфи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Фурудгоҳи Хуҷанд барои кашфи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ барои муқовимат бо терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом детектори махсус насб карда шуд
2023-03-01T17:40+0500
2023-03-01T17:40+0500
2023-03-01T17:40+0500
дар тоҷикистон
насб
дастгоҳ
фурудгоҳ
хуҷанд
ҳастаӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/14/1046075575_0:104:3273:1945_1920x0_80_0_0_c73969c88feeaf56736fe1e97a5e7db4.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд маросими расмии супоридани детекторҳои махсус барои кашфи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ баргузор шуд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ ҳадаф аз насби чунин детекторҳои махсус муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ тавассути сарҳадҳои Тоҷикистон мебошад.Манбаъ қайд кардааст, ки насби чунин таҷҳизот дар фурудгоҳ иқдоми навбатии Тоҷикистон дар мубориза бо ҳама гуна силоҳи қатли ом, пешгирӣ ва гардиши ғайриқонунии он мебошад.Солҳои охир чунин детекторҳои кашфи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ дар гузаргоҳҳои гумрукии "Дӯстӣ" , "Панҷи поён", "Фотеҳобод", "Гулистон", "Саразм" ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе насб шудаанд.Дар доираи амалинамоии Қатъномаи 1540 насби чунин детекторҳо дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Кӯлоб ва Бохтар пешбинӣ шудааст.Дар доираи лоиҳаи мазкур таъмини таҷҳизоти дастӣ ва омӯзиши кормандони Хадамоти гумрук бо мақсади пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ пешбинӣ гардидааст.
https://sputnik.tj/20230228/furudgohi-khujand-shirkatho-havopaymoi-khizmat-1055223750.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/14/1046075575_272:0:3001:2047_1920x0_80_0_0_c12cddc5d268821aaebcfe19bb456eac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фурудгоҳ, хуҷанд, муқовимат, радиатсия, маводи ядроӣ, терроризм, насб, дастгоҳ
тоҷикистон, фурудгоҳ, хуҷанд, муқовимат, радиатсия, маводи ядроӣ, терроризм, насб, дастгоҳ
Насби дастгоҳи кашфи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд
Дар Фурудгоҳи Хуҷанд барои кашфи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ барои муқовимат бо терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом детектори махсус насб карда шуд
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд маросими расмии супоридани детекторҳои махсус барои кашфи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ баргузор шуд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ ҳадаф аз насби чунин детекторҳои махсус муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ тавассути сарҳадҳои Тоҷикистон мебошад.
Манбаъ қайд кардааст, ки насби чунин таҷҳизот дар фурудгоҳ иқдоми навбатии Тоҷикистон дар мубориза бо ҳама гуна силоҳи қатли ом, пешгирӣ ва гардиши ғайриқонунии он мебошад.
Солҳои охир чунин детекторҳои кашфи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ дар гузаргоҳҳои гумрукии "Дӯстӣ" , "Панҷи поён", "Фотеҳобод", "Гулистон", "Саразм" ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе насб шудаанд.
Дар доираи амалинамоии Қатъномаи 1540 насби чунин детекторҳо дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Кӯлоб ва Бохтар пешбинӣ шудааст.
Дар доираи лоиҳаи мазкур таъмини таҷҳизоти дастӣ ва омӯзиши кормандони Хадамоти гумрук бо мақсади пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ пешбинӣ гардидааст.