Ширкати ҳавоии “Ютэйр”-и Русия барои ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард

© Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонВохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо роҳбари ширкати ҳавопаймоии Ютэйр Эйрлайнс
Вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо  роҳбари ширкати ҳавопаймоии Ютэйр Эйрлайнс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2023
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ҳамкорӣ бо ширкати ҳавопаймоии "Ютэйр Эйрлайнс"-и Русия ба рушди сайёҳӣ дар кишвар мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар вохӯрии раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо роҳбари ширкати ҳавопаймоии "Ютэйр Эйрлайнс" Олег Семёнов, ки ахиран дар Русия баргузор гардид, масоили тақвияти ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии кишвар хабар додааст.
Зимни мулоқот раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ қайд кардаст, ки парвозҳои мунтазам байни давлатҳо ба рушди сайёҳӣ мусоидат менамояд.
“Пешниҳод карда шуд, ки маводи чопии иттилоотӣ-тарғиботӣ тавассути ҳавопаймоҳои ширкати Ютэйр ба мусофирон пешниҳод карда шуда, ширкати мазкур дар овардани ҳайатҳои эҷодие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифӣ мераванд, мусоидат намояд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи сайёҳӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2023
Туркия ба тоҷикистониён барои таҳсил дар риштаи сайёҳӣ бурсия ҷудо кард
Дар ҳамин ҳол, Олег Семёнов дар бораи фаъолияти ширкати “Ютэйр”, парки ҳавопаймоиҳои ширкат ва таҷрибаи кормандонаш маълумот дода, иброз дошт, ки ширкати мазкур дорои даҳ ҳазор корманд, парки бузурги ҳавопаймоӣ ва чархболҳо мебошад.
Ҳамзамон вай қайд кардааст, ки аз шаҳрҳои Маскав, Сургут ва Тюмен ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҳафтае зиёда аз 30 парвоз анҷом дода мешавад.
Зикр гардидааст, ки роҳбари ширкати ҳавопаймоии "Ютэйр Эйрлайнс" пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро ба хушӣ пазируфта, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар ин самт изҳор намуд.
Лентаи хабарҳо
0