Пашинян: Арманистон омодааст Қарабоғи Кӯҳиро ҳамчун қаламрави Озарбойҷон бишносад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкИсполняющий обязанности премьер-министра Армении Никол Пашинян
Исполняющий обязанности премьер-министра Армении Никол Пашинян - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2023
Обуна шудан
Сиёсатмадор изҳор дошт, ки қаламрави Озарбойҷон, ки Ереван омодаи эътирофи он аст, Қарабоғи Кӯҳиро низ дар бар мегирад. Ин масъала бояд мухокима карда шавад
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳор дошт, ки 86,6 ҳазор км.кв хоки Озарбойҷон, ки Ереван омодааст онро эътироф кунад, минтақаи Карабоғро низ дарбар мегирад.
"Аммо бояд гуфт, ки масъалаи ҳуқуқ ва амнияти арманиҳои Қарабоғи Кӯҳӣ бояд дар формати Боку-Степанакерт баррасӣ шавад", - гуфт Пашинян дар нишасти хабарӣ.
Аз ин пеш вай инчунин изҳор дошт, ки ҳар ду кишвар тамомии ҳудудии якдигарро дар доираи сарҳадҳои маъмурии замони Шӯравӣ эътироф мекунанд.
Дар навбати худ, ба гуфтаи ӯ, ҷониби Арманистон муътақид аст, ки Озарбойҷон омода аст тамомияти арзии Арманистонро бо масоҳати 29,8 ҳазор км. кв. эътироф кунад.
Пашинян афзуд, бояд чунин кафолатҳое фароҳам биёрем, ки дар доираи он сиёсати нобудкунии қавмӣ ва наслкушӣ алайҳи арманиҳо дар Қарабоғ аз байн бурда шавад.
Учение ОДКБ Взаимодействие-2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2022
Расонаҳо: Арманистон дар пайи шиддати вазъ дар марз бо Озарбойҷон ба СААД муроҷиат кард
Ёдовар мешавем, ки авзоъ дар атрофи Қарабоғи Кӯҳӣ моҳи сентябри соли 2020, замоне, ки дар минтақа миёни низомиёни ду кишвар даргириҳо шурӯъ шуд, шиддат гирифт.
Дар натиҷа, изҳороти сеҷониба аз ҷониби президентҳои Русия Владимир Путин, президентҳои Озарбойҷон Илҳом Алиев ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян ба имзо расид.
Дар минтақаи низоъ амалиёти ҷангӣ комилан қатъ шуда, нерӯҳои посдори сулҳи Русия низ дар хати тамос ва долони Лочин мустақар шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0