Мусофири ҳавопаймое, ки аз Маскав самти Хуҷанд павроз дошт, дар ҳаво фарзанд таваллуд кард

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкНоворожденный ребенок.
Новорожденный ребенок. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2023
Обуна шудан
Модару кӯдаки навзодро пас аз дар фурудгоҳи Хуҷанд нишасти ҳавопаймо мошини ёрии таъҷилӣ интизор буд. Табибон вазъи ҳар дуро хуб арзёбӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Дар парвози ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" ҳодисаи ғайричашмдошт ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкати мазкур.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳавопаймои ин ширкат, ки аз Маскав самти Хуҷанд парвоз дошт, дар ҳаво мусофирзан кӯдаки солимро ба дунё овард.
"Росавиатсия" иҷозати парвозҳо ба Тоҷикистонро бештар кард
Ин ҳодиса дар хатсайри Жуковский-Хуҷанд рух дод. Гуфта мешавад, пас аз чанд лаҳзаи аз замин бархостани ҳавопаймо, мусофирзани ҳомила дучори дарди фарзандтаваллудкунӣ шуд ва хушбахтона дохили ҳавопаймо на як балки чанд пизишк қарор доштанд, ки барои солим ба дунё омадани кӯдак кумак расонданд.
Манбаъ меафзояд, бинобар ҳузур доштани табибон, ҳавопаймо нишасти изтирорӣ анҷом надод, балки пас аз як соати парвоз зан кӯдакашро таваллуд кард.
"Духтарча бо қади 46 сантиметр ва 2,6 кило вазн солим ба дунё омад", - омадааст дар хабарномаи ширкат.
Зикр гардид, ки пас аз фуруд омадани ҳавопаймо дар фурудгоҳи Хуҷанд зану кӯдаки навзодро мошини ёрии таъҷилӣ интизор буд.
Ҳоло пизишкон модару фарзандашро аз бемористон мураххас намуданд ва вазъи ҳар дуи онҳоро хуб арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0