Муҳоҷири тоҷик дар Екатеринбург чунон аз БДА фирор кард, ки ба мошини ҳамватанаш бархурд

© Sputnik / Алексей СухоруковИнспектор Специального батальона ГИБДД на маршруте патрулирования.
Инспектор Специального батальона ГИБДД на маршруте патрулирования. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2023
Обуна шудан
Талоши фирори муҳоҷири тоҷик аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки мехост бо мошини иҷора шаҳрро чарх бизанад, ба як ҳодисаи аҷиб табдил ёфт
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Дар Екатеринбург шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳолати сархушӣ қарор дошт, талош кард аз назди пулиси роҳ фирор кунад, аммо дур нарафт ва ба мошини ҳамватани худ бархурд.
Дар ин бора хабаргузории URA.RU дар истинод ба як манбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст.
"Дар кӯчаи 8-уми март ронандаи мошини ширкати "Делимобил" бо дархости нозирон таваққуф накарда, тасмим гирифт, аз онҳо фирор кунад. Аниқтараш, ҳуҷҷатҳоро барои тафтиш супурд, вале дарк кард, ки дар ҳолати мастӣ аст, талоши фирор кард”, - гуфт манбаъ.
Муҳоҷири тоҷик бо суръати баланд ҳаракат мекард ва дар як лаҳза идораро аз даст дода, ба мошини дигар бархӯрд.
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2023
Шарҳи РВКД бобати садама дар Зарафшон: кушташуда шаҳрванди 23 - солаи Ӯзбекистон аст
Аҷиб ин аст, ки бо мошине, ки муҳоҷир бархурд соҳибаш низ як зодаи дигари Тоҷикистон будааст.
Замоне, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҷои ҳодиса расиданд, дар он ҷо занозанӣ оғоз шуд – гунаҳкори аз соҳиби мошине, ки ба он бархурдааст мушту лағат ҳам хурдааст. Кормандони БДА аз идомаи занозанӣ пешгирӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0