Давлаталӣ Саид: ихтиёриёни хизмат соли равон зиёд шудаанд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанДавлатали Саид первый запред премьер министра
Давлатали Саид  первый запред премьер министра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2023
Обуна шудан
Раиси вилояти Хатлон мегӯяд, ин шабу рӯз маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар минтақа муташаккилона идома дорад
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Соли равон шумораи ҷавонмардоне, ки довталабона ба Артиши миллӣ пайвастаанд, хеле зиёд аст, изҳор дошт раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид.
Вай дар мулоқот бахшида ба Рӯзи ҷавонон, таъкид намуд, ки довталабона рафтан ба хизмати ҳарбӣ аз ифтихороти баланди ватандӯстии ҷавонон, садоқат ба меҳан ва тарбияи шоистаи онҳо дар оила шаҳодат медиҳад.
Феълан даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ идома дошта, аллакай бархе шаҳру навоҳӣ нақшаро пурра иҷро кардаанд.
Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки ҷавонони матиниродаи вилояти Хатлон дар сангарҳои вазнин барои ҳимояи ҳар як ваҷаб хоки Ватани азиз ҷонфидоӣ карда, шарафу номуси халқу Ватанро ҳифз намуданд.
Военные учения ОДКБ в Таджикистане Рубеж-2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2023
Размоиши муштараки Тоҷикистону Русия дар наздикии марз бо Афғонистон
"Корнамоию қаҳрамонӣ ва ҷоннисорию худфидоии онҳо ҳеҷ гоҳ аз хотирҳо фаромӯш намешавад ва ватандӯстии онҳо ҳамчун мактаби амалии тарбияи насли наврасу ҷавон хизмат хоҳад кард", - изҳор дошт ӯ.
Вай ба падару модарони ин қаҳрамонон, ки ҳангоми ҳифзи марзу бум ва адои вазифаҳои хизматиашон далерию шуҷоатмандӣ нишон додаанд, миннатдорӣ баён кард. Дар назди ҳамаи модароне, ки чунин фарзандони ватандору ҷонфидоро ба воя расонидаанд, сари таъзим фуруд меорам, афзуд Давлаталӣ Саид.
Раиси вилоят зарур хондааст, ки матонату иродат ва садоқатмандии ин ҷавонон дар ҳифзи Ватан дар саросари вилоят ба ҳамаи насли наврас омӯзонида шавад, то ки онҳо тухми муҳаббат ба ватану дӯстдории ин хоки муқаддаси аждодиро дар қалбашон бикоранд.
Лентаи хабарҳо
0