Дар ноҳияи Лахш кишти картошка босуръат идома дорад

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкУборка и переработка первого урожая картофеля
Уборка и переработка первого урожая картофеля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2023
Обуна шудан
Кишоварзони ноҳияи Лахш мақсад доранд, ки соли равон бинобар мусоид будани обу ҳаво дар майдони 5366 га картошка кишт кунанд
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Кишти картошка дар ноҳияи Лахш идома дорад ва кишоварзон мақсад гузоштаанд, ки дар майдони 5366 га ин навъ полезиро кишт мекунанд, хабар медиҳад Нусратулло Латипов, мудири шуъбаи кишоварзии ноҳияи мазкурю
Ба таъкиди ӯ, дар ноҳия 1806 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, ҳоло корҳои саҳроӣ, аз ҷумла шудгор, кишти ғалла дар заминҳои лалмӣ, кишти картошка, шинондани ниҳолҳо ва бунёд намудани боғҳо бомаром давом дорад.
"Имсол дар майдони 3200 гектар картошка, дар 1126 гектар ғалладонагӣ, дар 40 гектар зироати техникӣ ва дар 70 гектар сабзавот кишт карда мешавад", - изҳор дошт Латипов.
Тибқи иттилои раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Лахш Суҳбатулло Саидаминзода, имсол дар ноҳия дар майдони 1027 гектар замини президентӣ ва 1139 гектар қитъаҳои наздиҳавлигие, ки бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд, картошка кишт мешавад.
Сезонные рабочие собирают урожай картофеля в фермерском хозяйстве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Иҷрои нақшаи кишти картошка дар Суғд
Зикр гардид, ки сокинони ноҳия захираи пурраи тухми картошка доранд. Мувофиқи боду ҳавои минтақа 60 фоизи кишоварзон картошкаи маҳаллии навъи “Тоҷикистон-24” ва 20 фоизи дигар картошкаи навъи “Сурхоб” мекоранд.
Дар заминҳои боқимондаи кишоварзӣ навъҳои гуногуни воридотӣ- “Пикасо”, “Манифей” ва дигар намуди тухмиҳо барои таҷриба ва санҷиш кишт карда мешаванд.
Бояд гуфт, дар ноҳияи Лахш 4488 гектар замини корами обӣ ва 1802 гектар замини корами лалмӣ мавҷуд аст, ки ҳамаи ин заминҳо дар асоси супориши Эмомалӣ Раҳмон самаранок истифода бурда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0