Чин барои рафъи камбизоатӣ дар Осиёи Миёна миллиардҳо доллар медиҳад

© AFP 2023 / FRED DUFOURАмериканские доллары и китайские юани
Американские доллары и китайские юани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Обуна шудан
Раҳбари Чин мегӯяд, дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тарҳи илмию фаннӣ барои рафъи фақру камбизоатӣ дар минтақаро таҳия хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Чин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 3,7 млрд доллар кумак хоҳад кард, хабар медиҳад хабаргузории Синхуа.
Ба иттилои манбаъ, ин нуктаро раисҷумҳури Чин, Си Ҷинпин дар нишасти муштарак бо роҳбарони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Сиан баён дошт. Таъкид шудааст, ки ҳадафи ин ҷудо намудани ин маблағҳо, ки ройгон ироа хоҳанд кард, кумак ба рушди кишварҳои минтақа мебошад.
"Чин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 26 млрд юан (3,7 млрд доллар) кумаки молӣ ва дастгирии ройгон ба манзури такон ба ҳамкориҳо боо кишварҳои минтақа ҷудо мекунад. Ҳамчунин ҳадаф рушди ин кишварҳо мебошад", - гуфтаст Ҷинпин.
Вай таъкид намудаст, ки Чин тарҳи ҳамкориҳои илмию фаннӣ бо кишварҳои минтақа дар заминаи рафъи фақрро таҳия хоҳад кард.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2023
Раҳмон аз се ширкати бонуфузи чинӣ даъвати ҳамкорӣ кард
Ҳамчунин ширкатҳои чиниро, ки дар Осиёи Марказӣ тиҷорат ва корхонаҳои муштарак доранд, барои эҷоди ҷойҳои нави корӣ дар минтақа ташвиқ хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки нишасти сарони Чин-Осиёи Марказӣ, ки аз 18 то 19 май дар Сиани Чин баргузор мешавад, раисони ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон - Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон - Содир Ҷабборов ва Туркманистон - Сардор Бердимуҳаммадов ширкат мекунанд.
Интизор меравад, ки мулоқоти дигари роҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна ва Чин соли 2025 дар Қазоқистон баргузор карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0