Содироти 500 тонна зардолу аз Конибодом ба хориҷ

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдАбрикосы на экспорт
Абрикосы на экспорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Обуна шудан
Боғдорони Конибодоми вилояти Суғд имрӯзҳо навъҳои пешпазаки зардолуро чида, ба кишварҳои Русия ва Қазоқистон содирот доранд
ДУШАНБЕ, 19 мая — Sputnik. Боғдорони шаҳри Конибодом ба ҷамъоварӣ ва содироти навъи пешпазаки зардолу оғоз бахшида, то имрӯз беш аз 500 тонна зардолу содирот намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ дар Конибодом 12 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд буда, ҳосили интизорӣ дар соли равон 30 ҳазор тоннаро ташкил мекунад.
“Боғдорон имрӯзҳо навъҳои пешпазаки зардолуро чида, ба кишварҳои Россия ва Қазоқистон содирот намуда истодаанд. Аз ҷониби соҳибкорон сардхонаҳои замонавӣ ташкил гардида, меваи чидашуда пас аз банду баст содирот карда мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.
Имзои шартмонаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои “Зеерновая компания”-и Тоҷикистон ва “МССтрейд компани”-и Қазоқистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Шартнома имзо шуд: Суғд ба Қазоқистон зардолу содирот мекунад
Ҳамчунин манбаъ хабар додааст, ки ҳол нархи як килограм зардолу вобаста ба навъу сифат аз 2-3 то 8 сомонӣ буда, боғдорон аз ин ҳисоб даромади хуб мегиранд.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ зикр кардааст, ки бо татбиқи барномаҳои давлатӣ рушди боғу токпарварӣ таъмин гардида, ҳамасола садҳо гектар боғоти нав бунёд мегардад.
“Меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар хориҷ харидорони худро дорад ва боғдорон метавонанд маҳсулоти худро фурӯхта даромади хуб ба даст оранд”, - қайд кардааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0