https://sputnik.tj/20210701/shartnoma-imzo-shud-sugd-qazoqiston-zardolu-sodirot-1040566783.html
Шартнома имзо шуд: Суғд ба Қазоқистон зардолу содирот мекунад
Шартнома имзо шуд: Суғд ба Қазоқистон зардолу содирот мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Суғд аз имзои шартмонаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои “Зеерновая компания”-и Тоҷикистон ва “МССтрейд компани”-и Қазоқистон хабар доданд
2021-07-01T15:25+0500
2021-07-01T15:25+0500
2021-07-01T15:30+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
содирот
раҷаббой аҳмадзода
осиёи марказӣ
шартнома
имзо
зардолу
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/01/1040566524_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_9de1800912ace0ee83d854159eafb040.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, ахиан раиси вилоят бо вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон Бакит Султонов дидору гуфтугӯ кард.Таъкид шудааст, ки ҳар ду тараф зимни суҳбат барои густариши ҳамкориҳо ҳавасмандии худро изҳор доштанд.Раҷаббой Аҳмадзода қайд кард, ки робитаҳои шарикии стратегии ду кишвари тавсеа ёфта, мубодилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Қазоқистон ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст.“Аз ҷумла, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва Қазоқистон 370,5 миллион долларро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 72,9 миллион доллар зиёд аст”, - таъкид дошт Аҳмадзода.Ҳамзамон раиси вилоят илова кард, ки сафари вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон ва ҳайати соҳибкорони ин кишвар барои таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид ва умед аст, ки доираҳои тиҷоратии ду кишвар минбаъд низ бо истифода аз имкониятҳо робитаҳоро тақвият мебахшанд.Қайд шудааст, ки дар поёни мулоқот миёни ширкатҳои “Зерновая компания” –и Тоҷикистон ва “МССтрейд компании”-и Қазоқистон дар самти содироти меваҳои шаҳдбор ба Қазоқистон шартномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии 500 ҳазор доллар ба имзо расид.
https://sputnik.tj/20210622/asht-400-tonna-mevai-ta-rusiya-qazoqiston-1040357555.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/01/1040566524_121:0:1258:853_1920x0_80_0_0_28a11532bf929333e4b8a671b9026050.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, қазоқистон, содирот, зардолу, шартнома
тоҷикистон, суғд, қазоқистон, содирот, зардолу, шартнома
Шартнома имзо шуд: Суғд ба Қазоқистон зардолу содирот мекунад
15:25 01.07.2021 (Навсозишуда: 15:30 01.07.2021) Мақомоти Суғд аз имзои шартмонаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои “Зеерновая компания”-и Тоҷикистон ва “МССтрейд компани”-и Қазоқистон хабар доданд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, ахиан раиси вилоят бо вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон Бакит Султонов дидору гуфтугӯ кард.
Таъкид шудааст, ки ҳар ду тараф зимни суҳбат барои густариши ҳамкориҳо ҳавасмандии худро изҳор доштанд.
Раҷаббой Аҳмадзода қайд кард, ки робитаҳои шарикии стратегии ду кишвари тавсеа ёфта, мубодилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Қазоқистон ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст.
“Аз ҷумла, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва Қазоқистон 370,5 миллион долларро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 72,9 миллион доллар зиёд аст”, - таъкид дошт Аҳмадзода.
Ҳамзамон раиси вилоят илова кард, ки сафари вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон ва ҳайати соҳибкорони ин кишвар барои таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид ва умед аст, ки доираҳои тиҷоратии ду кишвар минбаъд низ бо истифода аз имкониятҳо робитаҳоро тақвият мебахшанд.
Қайд шудааст, ки дар поёни мулоқот миёни ширкатҳои “Зерновая компания” –и Тоҷикистон ва “МССтрейд компании”-и Қазоқистон дар самти содироти меваҳои шаҳдбор ба Қазоқистон шартномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии 500 ҳазор доллар ба имзо расид.