Мақомоти Хатлон тоҷирони эрониро ба Намоишгоҳи байналмилаии Бохтар даъват карданд

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонМақомоти Хатлон даъват ба форуми Бохтар
Мақомоти Хатлон даъват ба форуми Бохтар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Обуна шудан
Раиси палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон гуфт, тавсеаи ҳамкориҳо бо корхона ва ширкатҳои эронӣ дар авлавияти ин утоқ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Раиси палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлони Тоҷикистон Фарҳод Расулзода дар ҳамоиши Шӯрои муштараки соҳибкорони Эрон ва Тоҷикистон дар утоқи бозаргонии Машҳад гуфт Палтаи савдо ва саноати Хатлон бо беш аз 55 утоқи бозаргонӣ аз кишварҳои дигар тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо кардааст.
Ба гуфтаи вай, танҳо дар соли 2022 дар ҳошияи баргузории намоишгоҳ дар Бохтар тафоҳумномае миёни утоқҳои бозаргонии Хатлону Эрон бо ҳадафи рушди ҳамкориҳо имзо шуд.
Расулзода аз фаъолони иқтисодии Хуросони разавӣ ва Эрон даъват кард, то дар Намоишгоҳи байналмилаллии Бохтар, ки 24 ва 25 май дар Тоҷикистон баргузор мегардад, ширкат кунанд.
Иран Таджикистан флаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2023
Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Хуросони Разавии Эрон
Раиси утоқи бозаргонии муштараки Эрону Тоҷикистон Муҳаммадҳусайни Рушанак низ дар ин нишаст гуфт, Душанбе барои Теҳрон илова бар ҳавзаи иқтисодӣ, як ҳавзаи фарҳангӣ - иҷтимоӣ низ ба шумор меравад ва бояд қадри ин иштирокотро дар ростои тавсеаи таъомулот донист.
Узви ҳайати намояндагони утоқи бозаргонии Хуросони разавӣ яке аз ҳавзаҳои муҳим дар тавсеаи таъомулоти ду кишвар бавижа Хуросони разавӣ ва Хатлонро бахши гардишгарӣ зикр ва баён кард.
Шаҳри Душанбе ва дараи Варзоби Тоҷикистон аз ҷаззобияти фаровоне бархурдор буда ва гардишгарони эронӣ метавонанд ин манотиқро дар авлавияти сафарҳои хориҷии худ қарор диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0