Дар Тоҷикистон жола меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон

© Sputnik / Игорь Подгорный / Гузариш ба медиабонкСильный град, архивное фото
Сильный град, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2023
Обуна шудан
Ҳавои Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ борони бошиддат ва жола меборад. Ба амал омадани раъду барқ низ аз эҳтимол дур нест
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон номусоид шуда, борону жола меборад, пешгӯӣ мекунад, Ожонси ҳавошиносии кишвар.
Дар ВМКБ борон меборад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа сард, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Суғд, тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бориши борон ва жола аз эҳтимол дур нест.
Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 ва рӯзоа 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Сел дар Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2023
КҲФ аз ду рӯзи хатарнок дар Тоҷикистон ҳушдор дод
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳаргоҳон борон бошиддат меборад ва раъду барқ ва жола ба амал меояд.
Ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 9+14 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад
Дар навоҳии тобеъ низ, шабона борони бошиддат меборад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18, рӯзона 27+32 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе шабона ва саҳаргоҳон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон, дар баъзе ҳолатҳо бошиддатборида, раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво шабона 15+17 дараҷа ва рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0