https://sputnik.tj/20230516/khf-du-ruz-khatarnok-tojikiston-1057147870.html
КҲФ аз ду рӯзи хатарнок дар Тоҷикистон ҳушдор дод
КҲФ аз ду рӯзи хатарнок дар Тоҷикистон ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзҳои 17-18 май ҳаво дар Тоҷикистон номусоид хоҳад шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносӣ
2023-05-16T19:01+0500
2023-05-16T19:01+0500
2023-05-16T19:01+0500
кҳф
дар тоҷикистон
боду ҳаво
хатарнок
борон
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/04/1056182566_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_4882d86291c32191c6e2f0268f403aa7.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Рӯзҳои 17-18 май ҳаво дар Тоҷикистон номусоид хоҳад шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносӣ.Манбаъ афзуд, дар ин рӯзҳо, дар навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар ба истиснои ВМКБ, эҳтимоли хатари ногаҳон боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳое, ки аз ҷануби водии Ҳисор ҷорӣ мешаванд - дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу вуҷуд дорад. Дар роҳҳои кӯҳӣ бошад, хатари лағзиши тарма, ярч ва резиши санг аз эҳтимол дур нест.Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳои пурбориш ва хатарзо аз сафарҳо ба соҳили дарёву обанборҳо ва кӯлҳо худдорӣ намоянд. Ҳамчунин ба таъхир андохтани сафар бо роҳҳои кӯҳӣ низ тавсия дода мешавад.Дар баробари ин, Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад ҳангоми сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтиёт кунанд, аз рафтан ба доманакӯҳҳову даштҳо барои ҷамъоварии занбурӯғ, алафу гиёҳҳои дорувор, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва шикор, молчаронӣ ва ғайра худдорӣ намоянд.Ғайр аз ин Кумита ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳо аз аҳолӣ даъват кардааст, ки сари вақт ҷӯву селроҳаҳо, соҳили рӯдхонаҳо, каналҳоро аз ҳар гуна монеъаҳо тоза кунанд.
https://sputnik.tj/20230513/tojikiston-se-kudak-benazorat-volidon-kushta-1057088206.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/04/1056182566_0:0:1537:1153_1920x0_80_0_0_fb6696ead8d2baf9b7a097ac4617ff80.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф, тоҷикистон, ҳушдор
КҲФ аз ду рӯзи хатарнок дар Тоҷикистон ҳушдор дод
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон тавсия медиҳад, ки дар рӯзҳои пурбориш ва хатарзо аз сафарҳо ба соҳили дарёву обанборҳо ва кӯлҳо худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Рӯзҳои 17-18 май ҳаво дар Тоҷикистон номусоид хоҳад шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносӣ.
"Боронҳои шадид, раъду барқ, резиши санг ва лағжиши тармаву ярч дар назар аст", - омадааст дар хабари КҲФ.
Манбаъ афзуд, дар ин рӯзҳо, дар навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар ба истиснои ВМКБ, эҳтимоли хатари ногаҳон боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳое, ки аз ҷануби водии Ҳисор ҷорӣ мешаванд - дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу вуҷуд дорад.
Дар роҳҳои кӯҳӣ бошад, хатари лағзиши тарма, ярч ва резиши санг аз эҳтимол дур нест.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳои пурбориш ва хатарзо аз сафарҳо ба соҳили дарёву обанборҳо ва кӯлҳо худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин ба таъхир андохтани сафар бо роҳҳои кӯҳӣ низ тавсия дода мешавад.
Дар баробари ин, Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад ҳангоми сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтиёт кунанд, аз рафтан ба доманакӯҳҳову даштҳо барои ҷамъоварии занбурӯғ, алафу гиёҳҳои дорувор, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва шикор, молчаронӣ ва ғайра худдорӣ намоянд.
Ғайр аз ин Кумита ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳо аз аҳолӣ даъват кардааст, ки сари вақт ҷӯву селроҳаҳо, соҳили рӯдхонаҳо, каналҳоро аз ҳар гуна монеъаҳо тоза кунанд.