https://sputnik.tj/20230314/tojikiston-sistema-ijozati-kor-koreya--1055492312.html
Тоҷикистонро ба системаи иҷозати кор дар Ҷумҳурии Корея ворид хоҳанд кард
Тоҷикистонро ба системаи иҷозати кор дар Ҷумҳурии Корея ворид хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистонро ба системаи иҷозати кор дар Корея бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ зимни фаъолияти меҳнатӣ дар Корея ворид хоҳанд кард
2023-03-14T15:23+0500
2023-03-14T15:23+0500
2023-03-14T17:43+0500
дар тоҷикистон
корея
кор
вазорати меҳнат
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055493645_0:184:2048:1336_1920x0_80_0_0_e194c642d5b9f3962ffbee3584462500.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ахиран ин масъала дар гуфтугӯи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Донг Сок матраҳ шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар додааст.Зимни мулоқот тарафҳо дар бораи ба диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, баимзорасонии лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ дар хусуси интиқоли қувваи корӣ ба Кореяро баррасӣ карданд.Тарафҳо ба воридшавии Тоҷикистон ба системаи иҷозати кор дар ин кишвар ва механизми татбиқи созишномаҳои баимзорасида байни сохторҳои вазорат ва музофотҳои Корея оид ба ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ дар ин кишвар, мубодилаи афкор намуданд.Сафир Квон Донг Сок омодагии худро барои мусоидат дар баррасӣ ва баимзорасонии лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ба интиқоли қувваи корӣ ба Корея ва воридшавии Тоҷикистон ба системаи иҷозати кор дар ин кишвар бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоқикистон зимни фаъолияти меҳнатӣ дар ин кишвар изҳор намуд.Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфта буд, ки тамоми заминаҳои расмиву ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фароҳам шудааст ва танҳо мушкиле, ки дар миён аст, донистани забон аст.
https://sputnik.tj/20220726/muhojirati-kori-koreya-vazir-safir-rohi-digar-1050271622.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055493645_160:0:1980:1365_1920x0_80_0_0_812a38a1722950b72518122e1d608c93.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, корея, мулоқот, ҳамкорӣ, фаъолияти меҳнатӣ, иҷозати кор, система, сафир, вазир
тоҷикистон, корея, мулоқот, ҳамкорӣ, фаъолияти меҳнатӣ, иҷозати кор, система, сафир, вазир
Тоҷикистонро ба системаи иҷозати кор дар Ҷумҳурии Корея ворид хоҳанд кард
15:23 14.03.2023 (Навсозишуда: 17:43 14.03.2023) Тоҷикистонро ба системаи иҷозати кор дар Корея бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ зимни фаъолияти меҳнатӣ дар Корея ворид хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ахиран ин масъала дар гуфтугӯи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Донг Сок матраҳ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар додааст.
Зимни мулоқот тарафҳо дар бораи ба диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, баимзорасонии лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ дар хусуси интиқоли қувваи корӣ ба Кореяро баррасӣ карданд.
Тарафҳо ба воридшавии Тоҷикистон ба системаи иҷозати кор дар ин кишвар ва механизми татбиқи созишномаҳои баимзорасида байни сохторҳои вазорат ва музофотҳои Корея оид ба ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ дар ин кишвар, мубодилаи афкор намуданд.
Сафир Квон Донг Сок омодагии худро барои мусоидат дар баррасӣ ва баимзорасонии лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ба интиқоли қувваи корӣ ба Корея ва воридшавии Тоҷикистон ба системаи иҷозати кор дар ин кишвар бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоқикистон зимни фаъолияти меҳнатӣ дар ин кишвар изҳор намуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфта буд, ки тамоми заминаҳои расмиву ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фароҳам шудааст ва танҳо мушкиле, ки дар миён аст, донистани забон аст.