Сиёсатшиноси тоҷик паёмадҳои пурзур шудани мавқеи Чин дар Осиёи Марказиро шарҳ дод

© Flickr \ Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанУчастие и выступление на Первом Саммите Центральная Азия-Индия
Участие и выступление на Первом Саммите Центральная Азия-Индия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2023
Обуна шудан
Коршинос бар он аст, ки самтҳои ҳамкориҳои тиҷорӣ ва сармоягузории Чин ва Русия барои тамоми кишварҳои минтақа муҳим арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Кишварҳои Осиёи Марказӣ дарк мекунанд, ки нақши Чин дар сиёсати ҷаҳонӣ зиёд хоҳад шуд.
Дар ин бора сиёсатшиноси мустақили тоҷик Комрон Ҳидоятзода изҳор дошт.
Вай таъкид кард, ки Русия ва Чин аз ноором шудани вазъи низомиву сиёсӣ дар минтақа манфиатдор нестанд, чун он метавонад ба майдони ҷанги ниёбатӣ табдил ёбад.
Ба гуфтаи вай, бо вуҷуди он ки бархе аз коршиносон аз рақобати шадид ва ҳатто бархурди Маскаву Пекин дар Осиёи Марказӣ ҳарф мезананд, ин сенария дар ояндаи миёнамуҳлат ғайриимкон аст.
"Мо шоҳиди ҳамкориҳои наздиктари ду кишвар хоҳем шуд. Дар шароити бархӯрди шадиди геостратегӣ миёни Ғарб ва Русия, ки ба Чин низ таъсир мерасонад, Маскав ва Пекин ҳамкориҳоро тақвият хоҳанд дод", - гуфт манбаъ.
Комрон Ҳидоятзода ҳамчунин дар мусоҳиба бо хабаргузории РИА “Новости” пешниҳод кардааст, ки самтҳои ҳамкории Чину Русия дар бахши тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ авлавияти аслии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ хоҳанд монд.
Эмомали Рахмон встретился с премьер-министром госсовета КНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2023
Тоҷикистон аз Чин чӣ дархост кард?
"Дар шароити кунунии мушкилоти геосиёсӣ давлатҳои мо дар асоси манфиатҳои миллӣ амал мекунанд ва хоҳанд кард", - хулоса кард сиёсатшинос.
Ёдовар мешавем, ки бо даъвати Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, руасои ҷумҳури Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аз 16 то 20 май ба Чин сафар мекунанд.
Онҳо аз 18 то 19 май дар нишасти сарони Чин ва Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Сиани Чин баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0