Тоҷикистон аз Чин чӣ дархост кард?

© пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон встретился с премьер-министром госсовета КНР
Эмомали Рахмон встретился с премьер-министром госсовета КНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо сарвазири Шӯрои давлатии Чин густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз сармоягузорӣ то кишоварзиро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Тоҷикистон аз Пекин хост, масъалаи марбут ба додани иҷозат барои содироти бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба Чин ҳарчӣ зудтар ҳал карда шавад.
Ин нуктаро дар мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ли Тсян таъкид кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки тайи даҳ соли охир равобити шарикии стратегии ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромад ва ин муносибатҳо намунаи ҳамсоягии нек ва дӯстии самимӣ мебошанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Китае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2023
Эмомалӣ Раҳмон вориди Чин шуд: президентро чӣ гуна пешвоз гирифтанд?
"Муомилоти молӣ байни кишварҳо мунтазам афзуда, соли гузашта афзоиши он қариб 40%-ро ташкил дод. Ин имкон медиҳад, ки ҳарду давлат дар ояндаи наздик ҳачми тиҷоратро назаррас зиёд намоянд", - гуфт раисҷумҳур.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, масоили робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ ва ҳамкорӣ дар саноати кӯҳӣ низ баррасӣ гардиданд.
"Зимни вохӯрӣ ҷалби технологияҳои муосири чинӣ ба бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, сабзавоту меваҷот ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои пиллапарварӣ ва фармасевтӣ амри муҳим маънидод гардид", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардид, ки дар мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Лентаи хабарҳо
0