Дар Қазон форуми "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum" оғоз шуд

© SputnikФлаги стран на форуме "Россия - Исламский мир: KazanForum"
Флаги стран на форуме Россия - Исламский мир: KazanForum - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2023
Обуна шудан
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Русия ва кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Дар Қазон ҳамоиши "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum" ба кори худ оғоз кард.
Созмондиҳандагон онро платформаи асосии ҳамкории иқтисодии Федератсияи Русия ва кишварҳои ҷаҳони ислом медонанд.
Ин далелро макони баргузории чорабинӣ ва ширкаткунандагон аз 64 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон низ тасдиқ мекунанд.
Меҳмононро 3 рӯзи иборат аз садҳо ҷаласа интизор аст, ки дар он сухангӯён ва коршиносон аз тамоми ҷаҳони ислом суханронӣ мекунанд.
Дар натиҷаи анҷуман ҳудуди 100 созишнома ба имзо хоҳад расид, гуфт Талия Минуллина, раиси Оҷонси рушди сармоягузории Тотористон.
Ҳайати толибҳо ба форуми Қазон рафт
"Аммо мо пешгӯӣ мекунем, ки шумораи онҳо бештар хоҳад шуд. На ҳама ширкаткунандагон ба кумитаи тадорукотӣ маълумот медиҳанд, ки ин созишномаҳо чист, киҳо имзо мекунанд ва хусусияти онҳо чист", - гуфт ӯ дар брифинги Девони вазирони ҳукумат.
Ёдовар мешавем, ки нахустин Форуми байналмилалии иқтисодии Русия ва кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ (СҲИ) соли 2009 баргузор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0