https://sputnik.tj/20230517/vaziri-tojik-tolib-forum-qazon-1057183755.html
Ҳайати толибҳо ба форуми Қазон рафт
Ҳайати толибҳо ба форуми Қазон рафт
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони ин гуруҳ қасд доранд, ки дар Қазон бо мақомот ва соҳибкорон барои пешбурди тиҷорат ва ҷалби сармоя ба Афғонистон музокира анҷом диҳанд
2023-05-17T16:15+0500
2023-05-17T16:15+0500
2023-05-17T16:15+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
қазон
толибон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013485_0:0:2731:1537_1920x0_80_0_0_ea51df9ab835dd91c702b53f7d2e30b4.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Намояндагони мақомоти феълии Афғонистон ба ҳамоиши "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum" рафтанд. Дар ин чорабинӣ толибҳоро* вазири савдо Нуриддин Азизӣ ва муовини вазири таҳсилоти олӣ Лотфулло Хайрхоҳ намояндагӣ мекунанд, хабар дод Sputnik Афғонистон. Таъид намудааст, ки онҳоро ба ин ҳамоиш раиси Тотористон Рустам Миннихонов даъват кардааст. Дар доираи ҳамоиш Азизӣ қасд дорад, бо мақомот ва соҳибкорони Русия тадбирҳои рушди тиҷорати дуҷониба ва ҷалби сармоя ба Афғонистонро баррасӣ кунад. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистонро дар форуми Қазон як ҳайати баландпоя, таҳти роҳбарии сарвазири ҷумҳурӣ, Қоҳир Расулзода намояндагӣ мекунад. Қаблан дафтари матбуоти форуми мазкур, дар феҳрасти иштирокдрон аз Тоҷикистон инчунин раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, раиси Палатаи савдо ва саноат, Ҷумахонзода Ҷамшед ва дигаронро ном бурда буд.Ёдовар мешавем, Форуми "Русия - Ҷаҳони Ислом: KazanForum" платформаи асосии ҳамкориҳои тиҷории Русия ва кишварҳои ҷаҳони ислом мебошад.Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш таҳкими равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, таълимӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ миёни манотиқи Русия ва кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки 57 давлатро дар бар мегирад, мебошад.*-гуруҳ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
https://sputnik.tj/20230517/qohir-rasulzoda-vorid-qazon-1057182711.html
афғонистон
қазон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013485_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0fa45a37c20318c8b5546914411010a5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибҳо, вазир, иқтисод, қазон, намояндагӣ
толибҳо, вазир, иқтисод, қазон, намояндагӣ
Ҳайати толибҳо ба форуми Қазон рафт
Намояндагони ин гуруҳ қасд доранд, ки дар Қазон бо мақомот ва соҳибкорон барои пешбурди тиҷорат ва ҷалби сармоя ба Афғонистон музокира анҷом диҳанд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Намояндагони мақомоти феълии Афғонистон ба ҳамоиши "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum" рафтанд.
Дар ин чорабинӣ толибҳоро* вазири савдо Нуриддин Азизӣ ва муовини вазири таҳсилоти олӣ Лотфулло Хайрхоҳ намояндагӣ мекунанд, хабар дод Sputnik Афғонистон.
Таъид намудааст, ки онҳоро ба ин ҳамоиш раиси Тотористон Рустам Миннихонов даъват кардааст.
Дар доираи ҳамоиш Азизӣ қасд дорад, бо мақомот ва соҳибкорони Русия тадбирҳои рушди тиҷорати дуҷониба ва ҷалби сармоя ба Афғонистонро баррасӣ кунад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистонро дар форуми Қазон як ҳайати баландпоя, таҳти роҳбарии сарвазири ҷумҳурӣ, Қоҳир Расулзода намояндагӣ мекунад.
Қаблан дафтари матбуоти форуми мазкур, дар феҳрасти иштирокдрон аз Тоҷикистон инчунин раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, раиси Палатаи савдо ва саноат, Ҷумахонзода Ҷамшед ва дигаронро ном бурда буд.
Ёдовар мешавем, Форуми "Русия - Ҷаҳони Ислом: KazanForum" платформаи асосии ҳамкориҳои тиҷории Русия ва кишварҳои ҷаҳони ислом мебошад.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш таҳкими равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, таълимӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ миёни манотиқи Русия ва кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки 57 давлатро дар бар мегирад, мебошад.
*-гуруҳ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад