Дар Маскав ҷавони тоҷики қаҳрамонро қадрдонӣ карданд

© Пресс-служба РоссотрудничестваЛауреат премии "Горячее сердце" Зафар Умарзода
Лауреат премии Горячее сердце Зафар Умарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2023
Обуна шудан
Ҷавони қаҳрамон аз вилояти Хатлонро Россотрудничество дар Тоҷикистон ба ҷоизаи ифтихорӣ пешбарӣ кард. Маросими мукофотсупорӣ дар Маскав баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Дар маросими эътои Ибтикори умумирусиягии ҷамъиятию давлатиб байналмиаллии “Дили гарм” як ҷавони тоҷик барои наҷоти кӯдак мукофотонида шуд.
Зафар Умарзодаи 16-сола аз Бохтар, ки баҳори соли 2022 кӯдаки ғарқшударо наҷот дод, барандаи ҷоиза гардид, хабар медиҳад, дафтари матбуотии Россотрудничество.
Медали барои корнамоиро ба Зафар муовини аввали вазири маорифи Русия Александр Бугаев ва муовини сардори Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия Алексей Серко супурданд.
Қаҳрамон ба намояндагони "Хонаи русҳо" дар Душанбе накл кард, ки Маскав ба ӯ хеле писанд омад — барнома пур аз экскурсия ва вохӯриҳо буд.
Вақте аз ӯ пурсиданд, ки оё худро қаҳрамон меҳисобад, табассум кард: "Вақте ки медалро супурданд, каме эҳсос кардам".
Муносибати русиягиҳо ба муҳоҷирон беҳтар шудааст
Қобили зикр аст, ки ҷоизаи “Дили гарм” ба ҷавонони то 23-сола, ки шаҳрвандии фаъол нишон дода, фидокорона ба кумаки мардум мешитобанд, дода мешавад.
Наврасе, ки кӯдаки ҳафтсоларо дар Бохтар наҷот дод, қадрдонӣ мешавад
Лентаи хабарҳо
0