https://sputnik.tj/20220511/navras-kudak-bokhtar-najot-qadrdoni-meshavad-1048350308.html
Наврасе, ки кӯдаки ҳафтсоларо дар Бохтар наҷот дод, қадрдонӣ мешавад
Наврасе, ки кӯдаки ҳафтсоларо дар Бохтар наҷот дод, қадрдонӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, роҳбарияти Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон навраси 16 - соларо бо ифтихорнома қадрдонӣ кунад
2022-05-11T14:06+0500
2022-05-11T14:06+0500
2022-05-11T16:47+0500
дар тоҷикистон
хатлон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/64/1029876408_402:50:3008:1516_1920x0_80_0_0_aba6fb4f496705aca35a32fa0e51abb0.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар шаҳри Бохтари наврасе, ки як кӯдаки ҳафтсоларо аз ғарқшавӣ наҷот дод, бо ифтихорнома қадрдонӣ мешавад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.Ба иттилои манбаъ, корнамоии ин наврасро сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон, полковник Ҷамшед Маҳмадзода ситоиш намуда, рӯзи 11 май ба Умарзода Зафар ифтихорнома хоҳад супурд.Маврид ба зикр аст, рӯзи 10 май як кӯдаки даҳсола, ки бидуни назорати волидон монда буд, хост, дар канал оббозӣ кунад, вале чун шиноварӣ наметавонист, ғарқ шуд.Манбаъ меафзояд, ба кумаки кӯдаки дар ҳоли ғарқшавӣ як навраси 16-сола, ки канори роҳ мерафт, шитофт.Гуфта мешавад, қаҳрамони наврас баробари шунидани садои имдодталабона худро ба оби канал ҳаво ва писаракро аз марг наҷот дод.Фоҷиа дар ду хонаводаи тоҷик: се кӯдак дар рӯзи ид ғарқ шуданд ва дутоашон бародар будандЁдовар мешавем, 2 май дар Бохтар ва Ҳисор се кӯдак дар об ғарқ шуданд, ки якеро наҷот доданду дуи дигар ба ҳалокат расиданд. Дар Бохтар кӯдаки даҳсола дар рӯди Вахш ғарқ шуд ва дар Ҳисор ду бародар, яке ҳафт ва дуюмӣ 6-сола ба канали Ҳисор сарозер шуданд. Кӯдаки ҳафтсола наҷот ёфту бародари шашсолаи ӯро об бурд.Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз волидон хоҳиш мекунад, фарзандони ноболиғи худро ҳаргиз беназорат нагузоранд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/64/1029876408_341:0:3008:2000_1920x0_80_0_0_8efcc3d45f2c93e89ebb9610712cca41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бохтар кҳф кӯдак ғарқ наҷот наврас
бохтар кҳф кӯдак ғарқ наҷот наврас
Наврасе, ки кӯдаки ҳафтсоларо дар Бохтар наҷот дод, қадрдонӣ мешавад
14:06 11.05.2022 (Навсозишуда: 16:47 11.05.2022) Интизор меравад, роҳбарияти Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон навраси 16-соларо бо ифтихорнома қадрдонӣ кунад
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар шаҳри Бохтари наврасе, ки як кӯдаки ҳафтсоларо аз ғарқшавӣ наҷот дод, бо ифтихорнома қадрдонӣ мешавад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, корнамоии ин наврасро сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон, полковник Ҷамшед Маҳмадзода ситоиш намуда, рӯзи 11 май ба Умарзода Зафар ифтихорнома хоҳад супурд.
Маврид ба зикр аст, рӯзи 10 май як кӯдаки даҳсола, ки бидуни назорати волидон монда буд, хост, дар канал оббозӣ кунад, вале чун шиноварӣ наметавонист, ғарқ шуд.
Манбаъ меафзояд, ба кумаки кӯдаки дар ҳоли ғарқшавӣ як навраси 16-сола, ки канори роҳ мерафт, шитофт.
"Умарзода Зафар доду фарёди бачаҳоро шунид, ки имдодталабона одамонро даъват мекарданд. Вай шунид, ки мегӯянд, писараке дар ин оби канал ғарқ мешавад", - омадааст дар хабари кумита.
Гуфта мешавад, қаҳрамони наврас баробари шунидани садои имдодталабона худро ба оби канал ҳаво ва писаракро аз марг наҷот дод.
Ёдовар мешавем, 2 май дар Бохтар ва Ҳисор се кӯдак дар об ғарқ шуданд, ки якеро наҷот доданду дуи дигар ба ҳалокат расиданд. Дар Бохтар кӯдаки даҳсола дар рӯди Вахш ғарқ шуд ва дар Ҳисор ду бародар, яке ҳафт ва дуюмӣ 6-сола ба канали Ҳисор сарозер шуданд.
Кӯдаки ҳафтсола наҷот ёфту бародари шашсолаи ӯро об бурд.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз волидон хоҳиш мекунад, фарзандони ноболиғи худро ҳаргиз беназорат нагузоранд.