Тоҷикистон мехоҳад содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Чинро афзоиш диҳад

© Sputnik / Артур Лебедев / Гузариш ба медиабонкПродуктовая ярмарка
Продуктовая ярмарка  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2023
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистону Чин масъалаи тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорати электронӣ, иқтисоди сабз, кишоварзӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо ҳайати соҳибкорони Чин таҳти роҳбарии ширкати мубодилаи фарҳангии Ҷилини музофоти Футзян бо роҳбарии Лин Ҷун гуфтугӯ кард, иттилоъ додаст вазорати иқтисод ва савдои кишвар.
Мақсад аз дидор густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни ду кишвар аст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот масоили тавсеаи савдо, аз ҷумла рушди содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба музофоти Футзяни Чин, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Торговый порт  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2023
Афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Чин
Зимни мулоқоти мазкур, вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, иқтисоди сабз, кишоварзӣ, инчунин афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Чин, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистика пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.
Зикр гардидааст, ки ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.
Лентаи хабарҳо
0