Лукашенко: Кишварҳои узви СПАД бояд дасти ҳадигарро бигиранд

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Беларуси Александр Лукашенко
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2023
Обуна шудан
Ба гуфтаи раҳбари Беларус, ин як иқдоми бидуни интихоб аст, ки ба давлатҳои узви СПАД имкон медиҳад, истиқлолияту соҳибихтиёрро нигоҳ доранд
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият кишварҳои СПАД бояд “ба ҳамдигар дӯст бошанд”, гуфт раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи порлумонии ин Созмон дар Минск.
"Имрӯз қудратҳое, ки ҳастанд, талош доранд, ҷаҳонро дубора тақсим кунанд. Мо дар маркази ин таваҷҷуҳ ҳастем. Аз ин рӯ, мо бояд дасти ҳадигарро бигирем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи раҳбари Беларус, кишварҳои ғарбӣ танишҳоро афзоиш медиҳанд ва ошкоро эътироф мекунанд, ки ба ҷанг омодагӣ мебинанд.
Лукашенко қайд кард, ки задухӯрди низомӣ дар Украина тамоми бахшҳои муҳимтарини равобити байнидавлатиро поймол кардааст, НАТО аз фурсати барои тавсеаи бештар истифода кард.
Государственный флаг Белоруссии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2023
Мақомоти Белорус: ҳамкории низомӣ бо Русия қонунист
"Амалиёти вижаи низомӣ ба ин чӣ иртибот дорад ё ворид шудани Финландия ба НАТО дар иртибот ба амалмёти вижа чӣ рабте дорад? Мутлақо ҳеҷ чиз. Лаҳзаро интизо буданд. Тасмим гирифтанд, ки ин лаҳза расидааст", - таъкид кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар қаламрави Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инчунин нозизудоӣ ва ғайринизоми сохтани Украина буд.
Кишварҳои Ғарб, ки дахолат карданд ва тарафи Украинаро гирифтанд ва барои ноором кардани вазъ дар минтақа ба Киев силоҳу муҳимот интиқол доданд.
Лентаи хабарҳо
0