https://sputnik.tj/20230328/maqomoti-belorus-hamkori-nizomi-rusiya-qonuni-1055804547.html
Мақомоти Белорус: ҳамкории низомӣ бо Русия қонунист
Мақомоти Белорус: ҳамкории низомӣ бо Русия қонунист
Sputnik Тоҷикистон
Вазороати умури хориҷии Ҷумҳурии Белорус ахиран эълон кард, ки ҳамкории низомӣ бо Русия муғоири қавонини байналмилалӣ нест
2023-03-28T14:25+0500
2023-03-28T14:25+0500
2023-03-28T14:25+0500
русия
дар русия
белорус
ҳамкорӣ
равобит
низомӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1c/1055803939_0:0:3026:1702_1920x0_80_0_0_2bf8ddeda4bb6538d6b26b50e00a1309.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Вазорати хориҷаи Белорус изҳор дошт, ки ҳамкориҳои низомии Минску Маскав дар чаҳорчӯби қонунҳои байналмилалӣ сурат мегирад ва истиқрори кулоҳакҳои ҳастаӣ дар қаламрави ин кишвар бидуни супоридани назорат аз болои онҳо ба Минск муғоири муқаррароти моддаҳои Шартнома дар бораи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ нахоҳад буд."Ҳамкории низомии Беларус ва Русия дар чаҳорчӯби қонунҳои байналмилалӣ ба таври қатъӣ сурат мегирад. Омӯзиши халабонҳои белорусӣ, ки дар ҳавопаймоҳои русӣ бо лавозимоти махсус, инчунин таҷдиди чунин ҳавопаймоҳо ва истиқрори кулоҳакҳои ҳастаӣ дар қаламрави Беларус бидуни гузаронидани назорат аз болои онҳо ба Минск, инчунин дастрасӣ ба технологияҳои мувофиқ ба ҳеҷ ваҷҳ ба муқаррароти моддаҳои 1 ва 2-и Созишномаи паҳннашавии силоҳи ҳастаӣ мухолифат намекунад”, - гуфта мешавад изҳороти ВУХ-и Белорус.Инчунин, кайд карда мешавад, ки як навоварӣ дар соҳаи ҳамкории низомӣ байни давлатҳе, ки силоҳи ҳастаи надоранд ва абарқудрати дорои силоҳи ҳастаӣ нест."НАТО кайҳо боз таҷрибаи "миссияҳои муштараки ҳастаӣ" дорад, ҳавопаймоҳои кишварҳои узви паймон барои парвозҳо бо силоҳи ҳастаӣ иҷозатнома гимрифтаанд, ҳайати парвоз барои чунин "миссияҳо омода карда мешаванд", машқҳои дахлдор гузаронида мешаванд", - шарҳ дод ВУХ.Дафтари матбуот кайд кард, ки дар қаламрави кишварҳои Аврупо аъзои НАТО зиёда аз 150 воҳиди силоҳи тактикии ҳастаӣ ИМА нигоҳ дошта мешавад, барои истифода бурдани онҳо зиёда аз 250 ҳавопаймо тайёр карда шудааст."Дар давоми дувуним соли охир Белорус таҳти фишори бесобиқаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иттилоотӣ аз сӯй ИМА, Британияи Кабир ва муттаҳидони онҳо дар НАТО, инчунин кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо қарор гирифт. Ин дахолати бевосита ва дағалона ба корҳои дохилии давлати соҳибистиқлол, ки ба тағйири ҷараёни геополитикӣ ва тағйир додани низоми сиёсии дохилии Беларус нигаронида шудааст", - таъкид мешавад дар изҳороти вазоарти хориҷаи Белорус. Мақомоти Беларус таъкид кардааст, ки ин хилофи ӯҳдадориҳои имзошудаи Ёддошти тафоҳуми кафолатҳои амниятӣ дар робита ба ҳамроҳ шудани Белорус ба Шартномаи паҳн нашудани силоҳи ҳастаӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20230326/rusiya-belorus-silohi-hastaii-taktiki-joygir-1055760474.html
русия
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1c/1055803939_203:0:2934:2048_1920x0_80_0_0_2d30cedb140d8aaeef34b1b9416391f2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, белорус, ҳамкорӣ, низомӣ, қонунӣ, вазорати хориҷа
русия, белорус, ҳамкорӣ, низомӣ, қонунӣ, вазорати хориҷа
Мақомоти Белорус: ҳамкории низомӣ бо Русия қонунист
Вазороати умури хориҷии Ҷумҳурии Белорус ахиран эълон кард, ки ҳамкории низомӣ бо Русия муғоири қавонини байналмилалӣ нест
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Вазорати хориҷаи Белорус изҳор дошт, ки ҳамкориҳои низомии Минску Маскав дар чаҳорчӯби қонунҳои байналмилалӣ сурат мегирад ва истиқрори кулоҳакҳои ҳастаӣ дар қаламрави ин кишвар бидуни супоридани назорат аз болои онҳо ба Минск муғоири муқаррароти моддаҳои Шартнома дар бораи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ нахоҳад буд.
"Ҳамкории низомии Беларус ва Русия дар чаҳорчӯби қонунҳои байналмилалӣ ба таври қатъӣ сурат мегирад. Омӯзиши халабонҳои белорусӣ, ки дар ҳавопаймоҳои русӣ бо лавозимоти махсус, инчунин таҷдиди чунин ҳавопаймоҳо ва истиқрори кулоҳакҳои ҳастаӣ дар қаламрави Беларус бидуни гузаронидани назорат аз болои онҳо ба Минск, инчунин дастрасӣ ба технологияҳои мувофиқ ба ҳеҷ ваҷҳ ба муқаррароти моддаҳои 1 ва 2-и Созишномаи паҳннашавии силоҳи ҳастаӣ мухолифат намекунад”, - гуфта мешавад изҳороти ВУХ-и Белорус.
Инчунин, кайд карда мешавад, ки як навоварӣ дар соҳаи ҳамкории низомӣ байни давлатҳе, ки силоҳи ҳастаи надоранд ва абарқудрати дорои силоҳи ҳастаӣ нест.
"НАТО кайҳо боз таҷрибаи "миссияҳои муштараки ҳастаӣ" дорад, ҳавопаймоҳои кишварҳои узви паймон барои парвозҳо бо силоҳи ҳастаӣ иҷозатнома гимрифтаанд, ҳайати парвоз барои чунин "миссияҳо омода карда мешаванд", машқҳои дахлдор гузаронида мешаванд", - шарҳ дод ВУХ.
Дафтари матбуот кайд кард, ки дар қаламрави кишварҳои Аврупо аъзои НАТО зиёда аз 150 воҳиди силоҳи тактикии ҳастаӣ ИМА нигоҳ дошта мешавад, барои истифода бурдани онҳо зиёда аз 250 ҳавопаймо тайёр карда шудааст.
"Дар давоми дувуним соли охир Белорус таҳти фишори бесобиқаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иттилоотӣ аз сӯй ИМА, Британияи Кабир ва муттаҳидони онҳо дар НАТО, инчунин кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо қарор гирифт. Ин дахолати бевосита ва дағалона ба корҳои дохилии давлати соҳибистиқлол, ки ба тағйири ҷараёни геополитикӣ ва тағйир додани низоми сиёсии дохилии Беларус нигаронида шудааст", - таъкид мешавад дар изҳороти вазоарти хориҷаи Белорус.
Мақомоти Беларус таъкид кардааст, ки ин хилофи ӯҳдадориҳои имзошудаи Ёддошти тафоҳуми кафолатҳои амниятӣ дар робита ба ҳамроҳ шудани Белорус ба Шартномаи паҳн нашудани силоҳи ҳастаӣ мебошад.